Зулайхо Маҳмадшоева: дилам зиёдтар ба модарам месӯзад

Овозхони шуҳратёри тоҷик Зулайхо Маҳмадшоева меҳмони барномаи “Ногуфтаҳо” шуда, доир ба зиндагии пасипардагиаш суҳбат кард.

Нахуст ровӣ аз Зулайхо дар бораи падараш мепурсад. Зулайхо дар ин маврид оромона мегӯяд:

— Падарам ҳоло дар Украина аст ва мо ҳар рӯз суҳбат мекунем. Ман ба онҳо мегӯям, ки биёед ба Тоҷикистон, вале намеоянд.

Иловатан, Зулайхо қайд мекунад, ки ба Украина рафта, ҳамсари падарашро ба Тоҷикистон оварда буд.

Дар мавриди аз ҳам ҷудо шудани модару падараш бошад, чунин мегӯяд:

— Вақте ки хурд будам, сабаб мепурсидам ва онҳо ҳарду якдигарро айбдор мекарданд ва замоне ба воя расидам, ҳамаашро фаҳмидам. Ман ҳеҷ кадомашро гунаҳгор карда наметавонам, вале дилам зиёдтар ба модарам месӯзад. Ман модарамро ба серӣ надидаам, чун аз вақте худамро ёд дорам, модарам аробаи зиндагиро мекашид, ба Россия барои кор мерафт.

Ҳамчунин, Зулайхо Маҳмадшоева қиссаи шиносшавӣ ва робитаи дӯстиву шогирдӣ пайдо кардан бо Манижа Давлатоваро чунин нақл мекунад:

— Ман аз эшон рақами телефонашонро гирифтам ва аввалин бор бо паёмак суҳбат кардем. Рӯзе дар суҳбати телефонӣ чанд ҳунармандро тақлид кардам ва гуфт, ки маро ҳам тақлид кун. Пасон, яке аз сурудҳояшро сароидам, вале тамом накарда, телефонро хомӯш кард ва ҳамон замон паём фиристод. Паёмаш чунин буд: “Ту кистӣ, ки садои маро дуздидӣ?”. Баъд Худоро  шукр гуфтам. Дар охир овозхон ба ҳаводорони ҳунараш барои қадру самимият изҳори сипос карда, мегӯяд, ки кӯшиш мекунад ҳамеша барои онҳо таронаҳои нав ба нав таҳияву нашр намояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *