Зулайхо Маҳмадшоева: “Манижаро даъват кардам…”

Зулайхо Маҳмадшоева, овозхони шинохта ва аз шогирдони Манижаи Давлат, баъд аз хомӯшии дароз дар ҳади коронавирус, маҷмӯи таронаҳои навашро бо номи “Намебахшам” пешниҳоди ҳаводорон кард. Маросим шоми 16-уми ноябр дар Душанбе баргузор шуд.

Зулайхо  гуфтааст, ки дар таҳияи таронаҳояш кумаки овозхон Манижа Давлатова, ки солҳо боз аз саҳна канор рафтааст, кам нест. Ӯ, ки дар миёни ҳаводорон чун шогирди Манижаи Давлат муаррифӣ мешавад, гуфт, Манижаро ба ин маросим даъват кард, аммо ширкат кардан дар он ихтиёрӣ буд.

“Манижаи Давлат дар таҳияи албом ва корҳои эҷодӣ ба ман кумаки зиёд кард ва мекунад. Оҳанги таронаи “Намебахшам” аз Манижа аст, ки номи албомро низ ҳаминро мондем”, — шарҳ дод ӯ.

Дар ин нишаст Ораш Алоӣ, пизишки эронии муқими Амрико, ҳам иштирок дошт. Дар ҳамин ҳол, пизишки эронии муқими Амрико вазъи вобаста ба коронавирусро дар Тоҷикистон “дар ҳоли ҳозир хуб” арзёбӣ кард, аммо гуфт, “мардумро зарур аст қоидаҳои беҳдоштиро риоя кунанд. Дар акси ҳол вазъияти хуби феълӣ метавонад дар фасли зимистон бад шавад.”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *