Зулайхо забони гӯё надорад, вале орзуҳо мепарварад

Ба идораи “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj ду духтар, ду апаву хоҳар меҳмон шуданд. Армуғони онҳо ба идораи мо наққошиҳову гулҳои худсохт, кашидадӯзиву сӯзаниҳои назаррабо буд, ки маҳсули дасти яке аз хоҳарон Зулайхо мебошад. 

Зулайхо 20-сола аст. Ин 20-соли ҳаёти худро дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Темурмалик гузарондааст. Забони гӯёву гӯши шунаво надорад. Ягона розкушову розшунаваш тасвирҳояш мебошанд.

Мавсуф  дар синни 7-солагӣ ҳамагӣ чанд рӯз ба мактаб рафт ва бо ҳамин таҳсилро қатъ кард. Ба гуфтаи апааш дар ноҳияи мазкур мактаби махсус барои Зулайхо барин нафарон мавҷуд нест ва онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ шароит надоштанд, ки Зулайхо дар пойтахт ё ноҳияи дигар таҳсилу зиндагӣ кунад.  Мактаб нахондани Зулайхо ҳам барои худаш ва ҳам барои аҳли оилааш хуб нест, зеро ҳоло хондану навиштан наметавонад.

Аҳли оила бо ӯ аз замони худашро шинохтан бо имому ишора суҳбат мекунанд. Зулайхо дар корҳои хона ёрӣ мерасонад ва баробари ба итмом расондани корҳои бар зиммааш буда, ба расмкашӣ машғул мешавад.

Зудайхо аз 13-солагияш ба тасвири расмҳо машғул аст. Вай дар ин пеша устод надорад ва ҳар он чизе, ки тасвир кардаасту тасвир мекунад аҳли оилааш мебинанд. Маҳсули эҷодашро ба назди рассоме набурдааст, аз касе ҳам дасти ёрӣ нахостаасту нафаре ҳам барои кумак кардан муроҷиат накардааст.

Мо вақти тамошои расмҳояш шоҳид шудем, ки ӯ бештар расми аспро тавсир мекунад ва худаш бо имову ишора гуфт, ки ҳайвони дӯстдоштааш асп аст ва ҳатто замоне аз волидонаш хоҳиш кардааст, ки барояш аспе бихаранд. Ба гуфти апааш, ҳамсуҳбати мо Зулайхо ягон расмашро маҷбурӣ намекашад, балки ҳар чизеро ва ҳар касеро писандад онро тасвир мекунад.

Бовуҷуди он ки 7 сол боз ба расмкашӣ машғул аст, то ҳол фармоиши пулакӣ нагирифтааст. Вақте ки мо гуфтем то ҳол чанд тасвиратонро фурӯхтед, аввал апааш хандид ва баъди он ки худаш аз матлабамон огаҳ шуд, ханда кард. Яъне барои Зулайхо фурӯхтани маҳсули эҷодаш афсона менамояд. Зулайхо то ҳол барои расмҳояш нарх нагузоштааст. Ӯ намедонад, ки як расм чанд сомонӣ арзиш дорад.

Ҳамчунин,  ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ки барои Зулайхо хостгорҳо меоянд, вале худи духтар рад мекунад. Зулайхо орзу дорад, ки шароите муҳайё гардад, то ки дар шаҳри Душанбе зиндагиву, таҳсилу кор кунад. Ӯ мехоҳад рассоми номӣ шаваду корҳои бузургеро дар ин ба сомон расонад.

Ҳ. ТОҲИРӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *