Зулайхо ва Шабнам дӯстанд ё душман?
Одатан баъди ба шавҳар баромадан хонумҳои сароянда хомӯшӣ ихтиёр менамоянд ва аксарияташон ҳамчунон хомӯшона тарки саҳна мекунанд, аммо тавлиди пай дар пайи ду шоҳписар низ натавонист Зулайхо Мамадшоеваро аз санъат ва мухлисонаш дур созад. Новобаста ба тифлаки навзод доштанаш бону Зулайхо ҳамоно аз паси эҷод буда, таронаҳои нав ба нав сабт менамояд. Таронаҳое, ки ба зудӣ ХИТ мешаванд ва вирди забони хурду калон мегарданд. Барои аз зиндагӣ ва асрори эҷоди ин ҳунарманди машҳур хабардор гаштан, мо бо Зулайхо Мамадшоева суҳбати ҷолибе оростем, ки фишурдааш пешкаши шумо мегардад.
Дар боби оила ва фарзанд
—Аввалан Шуморо бо тавлиди шоҳписари дуюм табрику муборакбод мегӯем!
—Раҳмат ба шумо кормандони “Оила”, ки дар ҳама ҳолат аз навгониҳои ҳаёти банда пурсон мешавед. Ман ҳам нисбати ин ҳафтанома эҳтироми зиёд дорам. Серкор бошам ҳам, ҳамеша кӯшиш мекунам, ки ҳар ҳафта “Оила”-ро мутолиа намоям.
—Писарчаатонро чӣ ном ниҳодед?
—Юзорсиф, чунки ин ном хеле писандам аст.
—Зулайхо дар хонааш доя ва хизматгор дорад?
-Албатта дорам! Бе доя ва хидматгор зиндагӣ кардан душвор аст. Ба онҳо маоши хуб медиҳам, аз ин рӯ, шабу рӯз пайваста дар хизмати ману фарзандонам ҳастанд.
—“Тай-тай-по-по”-и шумо дар як муддати кӯтоҳ ХИТ шуд. Идеяи ин суруд ба кӣ тааллуқ дорад? Ҳангоми ба навор гирифтани клип бо писарчаатон, ки ҳанӯз хеле хурдсол аст, душворӣ накашидед?
-Ин сурудро қариб 4 сол пеш Наргис Шарифзода ба ман пешниҳод карда буд. Ҳангоми тавлиди писари калониям Муҳаннад онро сабт кардан мехостем, вале фурсат нашуд. Билохира, бо пою қадами писари дуюмам Юзорсифҷон ин тарона сабт шуд ва аз ҷониби мухлисон баҳои баланд гирифт.
Сирри хушбахтии Зулайхо
-Аксари занҳои машҳур дар ҳаёти оилавӣ бадбахтанд. Ба шумо чӣ гуна муяссар мегардад, ки ҳам оилаатонро мустаҳкам нигоҳ дореду ҳам санъати хешро пеш баред?
-Санъат ва зиндагиямро дӯст медорам, нисбати оила ва шавҳарам эҳтиром дорам, шояд Худованд ба подоши ҳамин садоқатам ба ман бахти баланд ато намудааст. Медонед, агар муҳаббат асил, яъне аз сидқи дил бошад, оила мустаҳкам мешавад. Вақте ки оилаи инсон устувор аст, худро пурқувват ҳис мекунад. Хушбахтии оилавӣ ба кас нерӯ мебахшад. Шахсан ман тамоми муваффақиятҳоямро аз баракати хушбахтии оилавиам медонам.
-Зулайхоро аз канор бинӣ, фикр мекунӣ, ки ба тамоми орзуҳояш расидааст. Карера, хонаи обод, фарзандони солим. Оё орзуе дар дили Зузу ҳаст, ки то ҳол амалӣ нашуда бошад?
—Хушбахтона, то имрӯз чӣ орзуе, ки доштам, ҷомаи амал пӯшид. Беҳуда нагуфтаанд, як орзу, ки гул кард, дар дили инсон ҳамон замон орзуи дигар месабзад. Ман табиатан духтари орзупарвар ҳастам ва танҳо амалӣ гаштани орзуҳоямро талаб карда, ҳамеша ба пеш ҳаракат мекунам.
-Орзуи духтарчадор шуданро надоред?
-Доштам. Ба умед будам, ки фарзанди дуюмам духтарча мешавад, вале Оллоҳ боз бароям писар ато намуд. Фикр мекунам, ки алҳол ду фарзанд барои оилаи мо кифоя аст.
-Худи Шумо чанд бародару хоҳар доред?
-Ду бародар ва як хоҳар дорам. Дилноза, Ҳавасшоҳ ва Сафаралиро баробари ҷонам дӯст медорам ва аз буданашон ҳазорон бор шукрона мекунам.
Мард бе рашк намешавад, вале…
—Мабодо шавҳаратон рашк карда, дар назди шумо шарт гузорад, ки ё ман ё саҳна, чӣ кор мекунед?
-Кадом мард мехоҳад, ки ҳамсараш санъаткор бошад?! Шавҳари ман низ инсон аст ва хоҳ-нохоҳ рашк мекунад, вале ба ман, ки бовар дорад, садди роҳи ҳунарам намешавад. Дӯсташ медорам, ӯ низ маро бо тамоми ҳастиаш дӯст медорад.
-Яке аз занҳои сарояндаи тоҷик, ки аз мардон ҷабру ҷафои зиёде дидааст, мегӯяд, ки “Мард барои ман пустое место” шудагӣ. Дар назари Зулайхо мардҳо чӣ қадар арзиш доранд?
-Барои ин хонум шояд мард арзиш надошта бошад, зеро одами аз мард шиканҷа дида аз зиндагӣ дилсард мешавад. Барои ман шавҳарам бисёр пурарзиш аст. Аслан, дар болои сари зан будани мард худаш як хушбахтии бузург аст, зеро Худованд занро барои марду мардро барои зан офаридааст. Биёед мардҳоро таърифи бисёр накунем, ки аз худ мераванд. (механдад)
Зулайхо + Озода Нурсаидова
-Хушбахтона муносибатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон хуб шуданд ва имрӯз иддае аз ҳунармандони тоҷик нияти дар кишвари ҳамсоя консерт додан доранд. Зулайхо чунин нақша надорад?
—Дар нақша ҳаст, ки дар кишвари Ӯзбекистон консерти зиндаи хешро баргузор намоям, вале айни ҳол ман дар фикри як навгонии бузурги дигар ҳастам, ки ба назарам дар ҳаётам бурдбориҳои зиёде меорад. Мо ҳамроҳи сарояндаи машҳури узбек Озода Нурсаидова як дуэт месароем. Фикр мекунам, ки ҳам барои мухлисони Зулайхо ва ҳам барои ҳаводорони Озода ин тарона туҳфаи беҳтарин хоҳад гашт…
—Дар репертуари Зулайхо ягон суруди ӯзбекӣ ҳаст?
-Айни ҳол нест, вале шумо ба ман идеяи хуб додед. Худо хоҳад рӯзҳои наздик суруди ӯзбекӣ месароям.
— Аксари сарояндагони тоҷик таронаҳояшонро дар Тошкент клип мекунанд. Шумо ягон сурудатонро дар кишвари ҳамсоя сабт кардаед? Умуман, бо ҳунармандони ӯзбек робита доред?
-“Бобуна”, “Бачаи данғара”, “Кабӯтар” ва “Кавкак” –ро дар Тошкент клип намуда будам. Ният дорам, ки минбаъд муносибату дӯстиро бо ҳунармандони машҳури ӯзбек қавитар намуда, боз чанд клипи хешро дар он ҷо наворбардорӣ намоям. Ногуфта намонад, ки ману Севинч Муъминова дугонаҳои наздикем.
-Имрӯз суруддуздӣ мӯд шудааст. Таронаҳои машҳури Зулайхоро каси дигар сарояд, хафа намешавад?
—Ман мисли дигар сарояндаҳо “барои чӣ суруди маро мехондааст” гуфта судбозӣ намекунам, баръакс сарам ба осмон мерасад, ки таронаи маро як аҷнабӣ бо услуби худаш месарояд.
Зулайхоро дар Русия “кидат” карданд?
-Мегӯянд, ки Зулайхо барои дар назди муҳоҷирон консерт додан ба Русия сафар намудааст, вале ба ӯ иҷозати баромадан кардан надодаанд. Ин овоза то куҷо асос дорад?
—Ростӣ, як сол қабл ман ба шаҳри Маскав сафари ҳунарӣ доштам. Аниқтараш ду-се продюссери корчалон маро даъват намуданд, то барои муҳоҷирон консерт диҳам. Пули калон ваъда карда буданд, вале вақте ки ба он ҷо расидем, аз фикрашон гашта, бечоранолиро сар карданд. Қасам мехӯрданд, ки одам нест ва пул ҷамъ нашуд, вале вақте ки ба толор баромадам, ҳуш аз сарам парид. Дар зал чунон одам бисёр буд, ки ба қавли маъруф сӯзан партоӣ ба замин намерасид. Мухлисон бо як овоз “Зу-лай-хо” мегуфтанд. Ба ҷои ман ягон ҳофизи дигар мебуд, қаҳр карда баромада мерафт, вале ба ҳурмати ҳамон муҳоҷирони тоҷик, ки ба хотири дидори Зулайхо кору борашонро партофта омада буданд, ман чизе нагуфта консерт додам ва аз он гургҳои дупо як тин пул нагирифта ба Тоҷикистон баргаштам.
—Аз наздикон ё хешу табори Шумо касе ба муҳоҷирати меҳнатӣ меравад?
—Писархолаам муҳоҷир аст ва зиндагиашро аз ҳамин ҳисоб пеш мебарад. Гоҳ-гоҳ мешунавам, ки ин ё он хеши дигарамон низ ба Русия рафтааст ё аз он ҷо баргаштааст…
-Имрӯз дар баробари мардон занҳои тоҷик низ ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Назари бону Зулайхоро ба занҳои муҳоҷир донистан мехостем…
—Мардҳои тоҷик, агар нангу номус карда, зиндагияшонро мустаҳкамтар қапанд, занҳои бечораи онҳо ҳаргиз рӯ ба муҳоҷират намеоранд. Яке аз бенавоӣ, дигаре аз шикасти бахт, савумин аз пастиву баландиҳои зиндагӣ маҷбур мешавад, ки Русия рафта мардикорӣ кунад. Аз бародарон ва фарзандони он модароне, ки имрӯз дар шаҳрҳои Русия мардикорӣ мекунанд, хоҳиш мекунам, ки қарзи худро ҳамчун мард ба ҷо оварда, занҳои муштипарро пуштибонӣ намоянд, то сарсону саргардон шуда, азоб накашанд.
Дӯст ё душман?
-Зулайхоро метавон дар байни насли нави эстрадаи тоҷик ҳунарманди № 1 номид. Барои пешравии санъати Шумо ҳампешагонатон монеа эҷод намекунанд?
—Бахиливу ҳасуд дар ҷодаи санъат ҳамеша буд, ҳаст ва мемонад. Пештар аз пасам чӣ гапҳое, ки намегуфтанд. Гумон доштам, ки бо мурури вақт дилашон холӣ шуда, бадгӯӣ карданро бас мекунанд, вале баръакс ончунон бебок шуданд, ки акнун баъзан дар рӯ ба рӯям истода, маро ғайбат мекунанд. Ба ҷойи ман каси дигар мебуд, шояд ҳар рӯз бо як кас даст ба гиребон мешуд, вале ман, ки табиатан духтари бепарво ҳастам, ба ғайбату буҳтон аҳамият надода, кори худро пеш мебарам…
-Мегӯянд, ки Зулайхо ва Шабнами Сурайё сояи ҳамдигарро аз девор метарошанд. Шумо бо Шабнам дар ҳақиқат душманӣ доред ё ин танҳо овоза аст?
—Бо Шабнам душман нестем, вале дугона ҳам нестем, чунки Шабнам аз ман чанд сол калон аст ва дунёи худро дорад. Баъзан дар тӯйҳо ҳамдигарро дида аҳволпурсӣ мекунем. Аслан, ман на танҳо бо Шабнами Сурайё, балки бо кулли ҳунармандон муносибати хуб мекунам, зеро санъаткор бояд санъаткорро эҳтиром намояд.
Зу-зу ба хориҷа мекӯчад?
— Садриддини Наҷмиддин дар Амрико зиндагӣ мекунад, Шабнам дар Лондону Ҷонибеки Мурод дар Украина хона доранд. Зулайхо нияти ба хориҷа кӯч бастан надорад?
-Дигаронро намедонам, вале ман аз Тоҷикистон нон хӯрдам, шуҳрат ёфтам ва ҳамчун сарояндаи тоҷик дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ гаштам. Инсон вақте дар Ватани худаш баракат ёфт, ҳеҷ гоҳ зодгоҳашро бо зеботарин шаҳрҳои олам иваз намекунад. Пинҳон намекунам, ман ҳам дар маркази Туркия хонаи бисёр зебои барҳаво дорам. Ҳар сол барои истироҳат ҳамроҳи шавҳару фарзандонам ба он ҷо меравам ва баъди чанд рӯз ба диёри аҷдодии худ бармегардам, зеро ватанамро дӯст медорам.
-Шумо тез-тез ба хориҷи кишвар дамгирӣ меравед?
-Қариб ҳар рӯз тӯй дорам, бекор нестам, ки хориҷа ба хориҷа гардам.
Дар боби рақобат
-Одатан бонувони сароянда якдигарро чашми дидан надоранд. Шумо киро рақиби хеш мешуморед?
-Вақте сароянда ба ҳунари худ боварӣ дорад, ҳеҷ гоҳ рақиб намеҷӯяд. Касе, ки ҳунараш заиф асту дар роҳи санъат пеш намеравад, ба дигарон бахилӣ карда, қасди аз зинаи шуҳрат афтонидани ҳарифонашро менамояд.
-Бо касе аз сарояндахонумҳо дугонагӣ доред?
—Дугонаҳои ман аз тоифаи сарояндаҳо нестанд. Онҳо дар касбу корҳои гуногун фаъолият мекунанд.
Зулайхо “тағо”-и зӯр дорад?
— Дар телевизиони АМС-и Афғонистон шуморо тез-тез намоиш медиҳанд. Магар дар Афғонистон ягон “тағо”-и зӯр доред?
—Не, тағо ё пуштибон надорам. Таъриф нашавад, ман сурудҳое месароям, ки ба ҳама форсзабонҳо писанд меояд, ҳам ба тоҷикон ва ҳам ба афғону эрониҳо. Дар чанд барномаи консертии АМС ширкат варзидам. Шояд муносибатам ба онҳо писанд омада бошад, ки қариб ҳар рӯз сурудҳои маро пешкаши форсизабонҳои ҷаҳон месозанд.
-Гуфтагӣ барин, чаро клипҳоятон тариқи шабакаҳои ватанӣ намоиш дода намешаванд?
-Мо таронаҳои худро ба телевизионҳои кишварамон пешниҳод мекунем, вале мутаассифона пешкаши тамошобин намегардад. Ҳайронам, клипҳои маро телевизионҳои хориҷӣ, ки талаботашон ниҳоят сахт аст, намоиш медиҳанд, аммо дар ватани худамон заҳмати мо қадр карда намешавад. Сурудҳоям баъзан аз шабакаҳои ватанӣ меравад, вале клипҳоямро намоиш намедиҳанд. Ростӣ, ман сабабашро намедонам…
Сирри ногуфта ва таманниёти ситора
-Сирре доред, ки онро то имрӯз ба касе нагуфта бошед?
—Сири дил зиёд дорам, вале ба касе гуфта наметавонам, ҳатто ба модарам. Ҳар як инсон сирру асрори ниҳоне дорад, ки онро бояд бо худ ба гӯр барад.
-Таманниёти шумо ба хонандагони “Оила”.
-Саломатӣ бошад фароғат кардан, суруд гӯш кардан ва рақсу шодӣ намудан ба инсон кайфият мебахшад, вале тан солим набошад, дунё дар назарат бемаънӣ менамояд. Аз ҳамин хотир, ман ба кулли хонандагони ҳафтаномаи “Оила” саломатии бардавом ва рӯзгори пурнишот орзу мекунам. Бигзор савту мусиқии мо, сарояндагон ҳамеша дар кошонаи шумо танинандоз бошад!
-Мо ҳам ба шумо хушбахтӣ ва парвозҳои баланди эҷодиро хоҳонем.
Суҳбаторо: Рустам Азимӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ