Зулфия Содиқова: “Арӯси замонавӣ” дар як шаб маро ситора кард
Даричаи ошноӣ:
Зулфия Содиқова 23-юми январи соли 1968 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ хатмкардаи Омӯзишгоҳи олии театрии ба номи Михаил Шепкини шаҳри Маскав аст. Фаъолиятро аз театр оғоз намуда, то имрӯз зиёда аз 70 нақши хурду бузургро иҷро кардааст. Ҳамзамон дар филмҳои”Наво”, «Марде, ки бо барф меояд», «Қиёми рӯз», «Муаллим», «Сафари ҳавоӣ», «Арӯси замонавӣ», «Арӯси замонавӣ 2», «Домоди замонавӣ», «Хоби ҳамдуна», «Хушдоманҳо ва ё ман на манам», “Қишлоқи сангин” ва ғайра нақшҳои хотирмоне бозидааст. Актрисаи Театри русӣ драммавии ба номи В. Маяковский, аз соли 2008 котиби масъули Киноҷашнвораи байналмилалии «Дидор», аз соли 2011 директори «Хонаи кино» аст.
— Аксари бонувони ҳунарманд дар оғози фаъолияти худ шикоят аз норозигии хонавода мекунанд, аммо шуморо маҳз падаратон ба сӯйи ҳунар равона сохтаанд. Сабаб дар чӣ бошад?
— Ман як апа доштам, бо номи Розия Содиқова, ки касби актёриро интихоб карда буд. Агар умр вафо мекард, имрӯз он кас ба монанди ҳамкурсонашон Қурбони Собир, Абдулмумин Шарифӣ, Умар Алиев ҳунарманди муваффақ мешуданд. Соли 1985 дар садамае апаам ба ҳалокат расиданд. Он замон 26-сола буданду номзад доштанд ва бояд баъди чанд вақт арӯсӣ мекарданд, вале қисмат ҳамин будааст. Марги он кас барои хонаводаи мо фоҷиаи бузург гашт ва баъди чанд сол модарам низ бо ғаму ғусса аз ҷаҳон рафтанд. Падарам он замон ба ман гуфтанд: “Медонам, ки ҷои касеро касе гирифта наметавонад. Розия дар дил орзуҳои бузург дошт ва ман мехоҳам, ки ту онҳоро амалӣ намоӣ. Ҳамеша бидон, ки рӯҳи Розия бо ту аст, ӯ ба ту кӯмак мекунаду мададгорат мешавад”. Таҳаммул намудани марги апаам барои аҳли оилаи мо сангин буд. Хоҳиши падарро рад карда натавонистам. Бароям бисёр мушкил буд, зеро қобилият надоштам, метарсидам, меларзидам, вале ҳеҷ гоҳ таслим нашуда, кӯшиш кардаму қадам ба қадам ба пеш рафтам. Намегӯям, ки имрӯз ҳунарпешаи бузурги санъат ҳастам, вале фикр мекунам, каме ҳам бошад, саҳми худро дар рушду такомули санъати тоҷик гузоштаам.
— Аз замони донишҷӯӣ ва ошиқиатон дар шаҳри Маскав каме мегуфтед?
— Дар Маскав бо як донишҷӯи Донишгоҳи тиббӣ шинос шуда, ҳамдигарро дӯст доштем. Муддати се сол бо ҳам номзад будем ва соли 1991 арӯсӣ кардем.
— Зиндагии оилавиатон чӣ гуна аст?
— Соҳиби чор фарзанд, се духтар ва як писар ҳастем. Худоро шукр, фарзандонам ҳама маълумоти олӣ доранд. Ду духтари бузургам оиладору фарзанддоранд. Соҳиби набера ҳастам. Духтаронам дар хориҷа зиндагӣ мекунанд, ман бошам, ҳамроҳи писарам Сулаймонҷон ки имсол Донишгоҳи политехникиро хатм мекунад, зиндагӣ мекунам.
— Нафаре аз фарзандон идомадеҳи роҳи модар ҳастанд?
— Фарзандони ман роҳи ҳунарро интихоб накарданд. Шояд душвориҳои касби актёрӣ ва то кадом андоза мушкил будани зиндагии шахси эҷодкорро дида, фарзандонам аз пайи ман нарафтанд. Ман нисбати интихоби онҳо эҳтиром дорам. Ҳатто дар бунёди оилаашон низ дахолат накардам.
— Аксари ҳунармандон фидоии касбу кори худ ҳастанд. Барои шумо оила дар ҷои аввал меистад ё касбу кор?
— Ҳама чиз аз байн меравад, вале оила ҳамеша бо мост. Маро агар ба санг ҳам зананд, вале шахсан барои ман оилаи ман, фарзандони ман, хонаи ман, оташдони ман, деги ман аз ҳама чиз болотар аст. Ҳангоми дар театру синамо фаъолият карданам кӯшиш кардаам, ки кӯдаконам бояд дар вақташ хоб раванд, ба дарс раванд, либосашон тозаву шикамашон сер бошад. Оила барои ман муқаддас буд, ҳаст ва мемонад. Ман метавонам рӯзҳо, ҳатто ҳафтаҳо аз хона набароям, канори хонаводаам бошам, ин бароям лаззат мебахшад.
— Барои ҳунарпеша шудани як зан чӣ мушкилиҳо вуҷуд доранд?
— Душвориҳо зиёданд ва ин душвориҳо бисёре аз ҳунармандонро мешикананд. Барои як зани эҷодкор мушкилӣ аз хонавода оғоз меёбад, вақте ки дар пушти мо на падар, на модар, на бародар аст, касе дастгирӣ намекунад. Баъди оиладор шудан боз мушкилтар мегардад, вале ҳар чиз аз худи инсон вобаста аст. Ба ҳар чиз дар зиндагӣ аҳамият додан лозим нест. Ман то ба имрӯз ба гапи касе аҳмият надодаам ва ин мушкилиҳоро мадди назар намудаам.
— Дар филмҳои зиёде нақш бозидаед. Чӣ бардоште доштед аз ин фаъолиятҳо?
— Нест филме, ки инсон аз ӯ бардоште накунад. Хуб аст ё бад, вале таъсир расонида метавонад. Шахсан ман аз ҳар филм чизе барои худ бардоштаам, вале мақсади мо нишон додан аст, на тарбия кардан, аз ин рӯ, гуфта наметавонам, ки нақшҳои ман ба кӣ чӣ гуна таъсир гузошта бошад.
— Шурӯъ мекунем аз филми “Арӯси замонавӣ”?
— Дар филм бисёр эпизодҳо буд. Шояд ҳар нафаре онро чӣ гунае, ки хост, қабул карда бошад. Вале муҳим он аст, ки филми мазкур дар дили ҳаводорон ҷои худро пайдо намуд.
— Мегӯянд филми “Арӯси замонавӣ”-ро нақши Гулсунбӣ хотирмон кардааст. Фикри шумо чӣ аст?
— Аз навори филми мазкур ҳафт- ҳашт сол гузашт, он дар Эрон, Афғонистон бахусус дар Бадахшони Афғонистон мухлисони худро пайдо кард. Ин филм як сужа дошт ва коргардон бештар саҳнаҳоро тариқи “импровизатсия” таҳия менамуд. Ҳама чиз дар рӯи саҳна таваллуд мешуд, ҳар чизе, ки ҳамон лаҳза сохта шуда бошад, албатта хуб мебарояд, ба шарте, ки меъёр дошта бошад. Ин филм дар як шаб маро ситора кард. Ҳатто дар роҳ мошинҳо меистоданду Гулсунбӣ гуфта, маро садо мекарданд. Аслан номи маро кам касон медонанд, дар бисёр ҷойҳо маро холаи Гулсунбӣ, апаи Гулсунбӣ мегуфтанд. Аввал аз ин чиз нороҳат мешудам, вале баъдан фикр кардам, ки модоме мухлисон ҳамин хел қабул карданд, бигзор бошад.
— Дар охир чӣ гуфтаниед?
— Барои ҳамаи онҳое, ки ошиқи синамоянд, парвозҳои баланд дар эҷод хоҳонам. Дар зиндагӣ ҳеҷ вақт калимаи шикаст вуҷуд надорад, кӯшиш кунанд ва муваффақ шаванд!
Мусоҳиб: Суман УБАЙДУЛЛОЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ