Зулфия Содиқова: Бо хоҳиши падарам ҳунарманд шудам

Одатан, падарон намехоҳанд, ки духтаронашон санъаткор шаванд, вале ҳунарманди маҳбуби кишвар Зулфия Содиқова маҳз бо хоҳиши падар ба ҷодаи ҳунар рафт…

Орзуи падар ё нусхаи хоҳар

— Чаро падаратон мехостанд, ки шумо ҳунарманд шавед?

— Ман як апа доштам, бо номи Розия Содиқова, ки касби актёриро интихоб карда буд. Агар умр вафо мекард, имрӯз он кас ба монанди ҳамкурсонашон Қурбони Собир, Абдулмумин Шарифӣ, Умар Алиев ҳунарманди муваффақ мешуданд. Соли 1985 дар садамае апаам ба ҳалокат расиданд. Он замон 26-сола буданду номзад доштанд ва бояд баъди чанд вақт арӯсӣ мекарданд, вале қисмат ҳамин будааст. Марги он кас барои хонаводаи мо фоҷиаи бузург гашт ва баъди чанд сол модарам низ бо ғаму ғусса аз ҷаҳон рафтанд. Падарам он замон ба ман гуфтанд: “Медонам, ки ҷои касеро касе гирифта наметавонад. Розия дар дил орзуҳои бузург дошт ва ман мехоҳам, ки ту онҳоро амалӣ намоӣ. Ҳамеша бидон, ки руҳи Розия бо ту аст, ӯ ба ту кумак мекунаду мададгорат мешавад”. Таҳаммул намудани марги апаам барои аҳли оилаи мо сангин буд. Хоҳиши падарро рад карда натавонистам. Бароям бисёр мушкил буд, зеро қобилият надоштам, метарсидам, меларзидам, вале ҳеҷ гоҳ таслим нашуда, кӯшиш кардаму қадам ба қадам пеш рафтам.  

Ҳунарманди солҳои душвор

— Аввалин нақшатонро дар кино, дар синни 39-солагӣ иҷро кардед. Чаро ин қадар дер?

— Соли 1991 мо 18 нафар донишҷӯй Омӯзишгоҳи олии театрии ба номи Михаил Шепкини шаҳри Маскавро хатм карда, ба Душанбе омадем. Соли 1992 дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд. Дар он вақт фаъолият дар театру синамо ғайриимкон гардид. Синамо тамоман фалаҷ шуда буд. Ягона роҳ ҳамин буд, ки дар театр фаъолият кунем, зеро театрҳо бо вуҷуди душвориҳо кор мекарданд. Дигар ин ки, маро касе намешинохт. Ман ку наметавонам коргардонеро дар роҳ дораму бигӯям, ки ба ман нақш деҳ. Ҳамин тавр, фаъолияти ман дар кино дер оғоз шуд. Дар 39-солагӣ дар филми кӯтоҳи “Наво” нақш бозидам, баъдан нақшҳои асосӣ дар филмҳои “Марде, ки бо барф меояд”, ”Хоби ҳамдуна”, ”Арӯси замонавӣ”, “Домоди замонавӣ”, ”Қишлоқи сангин” ва дигару дигар…

— Театр ё синамо?

— Барои ман театр ва синаморо ҷудо кардан мушкил аст. Дар театр як дарвозае ба вуҷуд меояд, ки он роҳ ба синамо аст. Мо аз театр ба синамо омадем ва ин дуро аз ҳам ҷудо кардан мушкил аст. Табиист, ки мухотабони синамо бештар аст ва ҳунармандро зуд машҳур мекунад. Зеро ҳама ба театр омада наметавонанд, бахусус дар замони мо, ки мардум бештар ба интернет саргарм ҳастанд.

Реформа дар санъат

— Ҳунармандон аз камбинанда шудани намоишҳои театрӣ шикоят мекунанд…

— Вале, намоишҳои мо бад нестанд. Мо намоишҳои хуб барои бачаҳо, ҷавонҳо ва бузургсолон дорем. Вале камтаваҷҷуҳ шудани мардум нисбат ба театр сабабҳои иҷтимоӣ дорад. Имрӯз зиндагӣ дигар шудааст. Дар замони Шӯравӣ мардум ҳашт соат кор мекарданд. Чун зиндагиашон осуда буд, бегоҳ ва рӯзҳои шанбеву якшанбе ба театр меомаданд, истироҳат мекарданд. Ҳозир аксарият дар 3-4 ҷо кор мекунанд, 12-14 соат рӯзи корӣ доранд. Нафароне ҳастанд, ки рӯзҳои шанбеву якшанбе низ истироҳат надоранд. Чунин омилҳо сабаб шудааст, ки мардум нисбат ба театр камтаваҷҷуҳанд. Вале театр ҳам камбудиҳои зиёде дорад, ки бояд бартараф шаванд.

— Кадом камбудиҳо?

— Дар соҳаи театр ва синамо дар кишвари мо бояд реформа гузаронида шавад. Масалан, Театри давлатии русии ба номи Маяковский, ки ман дар онҷо фаъолият мекунам, ҳафт сол шуд бино надорад. Мо дар як толори хурдакак дар Театри Лоҳутӣ фаъолият дорем. Шукр, ки пароканда нашудем. Монанди ин дар театр камбудиҳои зиёде ҳаст. Ин чизҳо албатта ба рушди театр таъсиргузор ҳастанд. Мо аллакай ду наслро аз даст додем, шояд баъди ислоҳи камбудиҳо насли сеюм рӯ ба театр меоранд.

Актрисаи се театр

— Дар ҳолномаатон хондам, ки шумо дар як давра дар се театр фаъолият мекардед. Магар душвор набуд?

— Бале. Ман дар як вақт дар се театр — Театри Маяковский, Театри ҷавонон ва Театри Лоҳутӣ фаъолият мекардам. Албатта, душвор буд. Вале роҳи дигар надоштам. Якум, ризқу рӯзӣ меёфтам. Дуюм, театрҳо ба ман ниёз доштанд. Коргардонҳо Ато Муҳаммадҷонов, Фаррух Қосимов ва Давлат Убайдуллоев маро даъват мекарданд. Кор кардан бо ин нафарони ҳирфаӣ барои ман гуворо буд. 

— Дар кино низ бо коргардонҳои мухталиф кор кардаед. Бо кадоме кор кардан бароятон осон буд?

— Бо Носир Саидов, Далер Раҳматов, Румӣ Шоазимов кор кардан барои ман гуворо буд ва агар дар филмҳои навашон даъват кунанд, боз бо ҷону дил розӣ мешавам. Дар оянда бо Муҳсин Махмалбоф, Файзулло Файзов, Муҳиддини Музаффар, Одина Маҳмад ва чанд нафари дигар низ мехоҳам кор кунам.

— Шумо дар шуъбаи коргардонӣ таҳсил кардаед. Чаро дар ин самт фаъолият надоред?

— Ман чунин азм доштам ва ҳатто Мактаби синамои Иттифоқи синамогаронро гузаштам ва як филми кӯтоҳро бо номи “Гул” ба навор гирифтам, вале дар ин чанд соли охир баъди тамошои филмҳои беҳтарин аз ин пеша даст кашидам. Зеро дар баробари ин қадар филмҳои ҳирфаӣ ба коргардонӣ даст задани ман ҳоҷат нест.

— Агар шуморо ба Донишкадаи санъат даъват кунанд, барои омӯзонидан меравед?

— На ҳар ҳунарманди хуб устоди хуб шуда метавонад. Ин кор малакаи хос талаб мекунад. Ман то кунун барои муаллимӣ омода нестам.

— Шумо солҳои охир роҳбари “Хонаи синамо” ҳастед. Фаъолияти шумо чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?

— Фаъолияти мо барои тарғиб ва рушди кино ба роҳ монда шудааст. Мо аслан чипта намефурӯшем. Намоиши аксар филмҳо дар “Хонаи синамо” ройгон аст. Дарҳои мо барои ҳамаи алоқамандони кино кушода аст.

— Чаро филмҳои мо ба фестивалҳои байналмилалӣ роҳ намеёбанд?

— Филмҳои хуб зиёд дорем, вале ин кори коргардонҳост, ки филми худро ба ҷашнвораҳо фиристанд. Дар ҷаҳон садҳо ҷашнвораи синамоӣ аст. Бояд барои тарғиби филм ҷавонон аз ин майдонҳо истифода кунанд. Ба фестивал роҳ ёфтани филмҳо аз коргардонҳо вобаста аст.

— Вазъи синамои кишварро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

— Ҳамеша аз оянда умед дорам. Мегӯянд, ки бо ин вазъият, дигар пешравие намешавад, вале одамро умед зинда нигоҳ медорад. Вақте умед мурд, зиндагӣ маъно надорад. Вазъи синамои мо хуб аст. Пешравӣ ҳаст. Филмҳои нав ба нав сабт мешаванд. Умед дорам, ки сол то сол вазъият боз беҳтар шавад.

Мусоҳиб: Суман УБАЙДУЛЛОЗОДА

Маълумотнома:

Зулфия Содиқова 23-юми январи соли 1968 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Хатмкардаи Омӯзишгоҳи олии театрии ба номи Михаил Шепкини шаҳри Маскав аст. Фаъолиятро аз театр оғоз намуда, то имрӯз зиёда аз 70 нақши хурду бузургро иҷро кардааст. Ҳамзамон дар филмҳои ”Наво”, «Марде, ки бо барф меояд», «Қиёми рӯз», «Муаллим», «Сафари ҳавоӣ», «Арӯси замонавӣ», «Арӯси замонавӣ2», «Домоди замонавӣ», «Хоби ҳамдуна», «Хушдоманҳо ва ё ман на манам», “Қишлоқи сангин” ва ғайра нақшҳои хотирмоне бозидааст. Актрисаи Театри русӣ-драмавии ба номи В. Маяковский, аз соли 2008 котиби масъули Киноҷашнвораи байналмилалии «Дидор», аз соли 2011 директори «Хонаи синамо» аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *