Зулхумор Иброҳимова: «Ҳоҷар» маро машҳур кард…
Зулхумор Иброҳимоваро баъди намоишномаи «Аловиддин ва чароғи сеҳрнок» бо либосҳои саҳнавӣ дар пардозхонаи театр пайдо кардам. Кӯдакон пас аз тамошои ин намоишномаи аҷиб бо ҳиссиёти гуворо театрро тарк мекарданд. Ҳамон рӯз ин намоишнома ду маротиба пай дар ҳам ба саҳна гузошта шуда, ҳунармандон бисёр хаста шуда буданд, аммо Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Зулхумор Иброҳимова бо вуҷуди ин, даъвати маро рад накарда, ба мусоҳиба розӣ шуд…
-Шумо худи ҳозир аз намоишнома фориғ шудед. Ҳанӯз руҳияи саҳна дар равонатон боқист, бинобар ин, мехоҳам суҳбатро аз фаъолияти имрӯзаатон дар театр оғоз намоем.
-Чи тавре мебинед, гарчанде нафақахӯр бошам ҳам, то ҳол кор мекунам. Аз намоишномаҳое, ки айни ҳол дар репертуари театр ҳастанд, дар сетои он нақш мебозам. Дар намоишномаи «Аёдат», нақши ҳамсари Турсунзода, дар «Чодари найранг»-и Тӯрахон Аҳмадхонов нақши зани домулло ва дар «Аловиддин ва чароғи сеҳрнок» нақши дояро иҷро мекунам. Каму беш бо филмбардорон низ ҳамкорӣ дорам, баъзан дар телевизион баромад мекунам.
— Дар ҳама давру замон ҳунарпеша шудан барои духтар, зан дар муҳити мо бо душворӣ даст медиҳад. Шумо чӣ гуна қадам ба ин ҷода ниҳодед? Магар монеаҳо набуданд?
-Апаам, ки аз ман 2 сол калон буд, дар синни 14 солагӣ бемор шуда аз дунё гузашт. Ин зарбаи сахте буд барои падару модарам. Мутаассифона, ман ҳам дар ҳамин синну сол бемор шудам. Волидонам сарашонро ба сад зада зада, маро табобат карданд. Бо ҳамин сабаб, барои онҳо фарқ надошт, ки ман кадом роҳро интихоб менамоям, муҳимаш зиндаву саломат бошам. Ман дар интихоби касб озод будам, вале ибтидо дар дилам шавқи духтур шуданро мепарваридам. Мо бо Фотима Ғуломова робитаи хешутаборӣ дорем. Ба хонаи он кас равуо кардаму эшон дили маро ба актриса шудан гарм намуданд. Ҳамин тавр ҳуҷҷатҳоямро ба Донишкадаи санъат супоридам ва баъди хатм 40 сол мешавад, ки дар Театри давлатии академӣ –драмавии ба номи устод Лоҳутӣ кор мекунам. Зиёда аз 70 нақши хурду бузург бозидаам.
-Қудрати экран барои шинохта шудани ҳунарманд, хеле бузург аст, аммо шумо дар филмҳои бадеӣ кам нақш офаридаед. Сабаб чист?
-Ман аз давраи ҷавонӣ бо телевизион ҳамкорӣ карда одат кардаам. Он солҳо намоишномаҳои зиёди кӯдакона ба навор гирифта мешуданд, ман дар «Хоби ширин, хурдтаракон», «Алифбоҷон», «Ман, ту ва мултик» иштирок мекардам. Дар саҳнача ва намоишномаҳои зиёде нақш бозида бошам ҳам, маро нақши Ҳоҷар аз намоишномаи «Садо аз тобут» машҳур кард. Бовар мекунед, то ҳол дар кӯча мухлисон ба ман Ҳоҷар гуфта муроҷиат мекунанд. Дар кино нақш бозиданамро шавҳарам намехостанд.
-Магар шавҳаратон аз санъат дур буданд?
-Не, он кас дар телестудия ба ҳайси коргардон фаъолият мекарданд ва ба режиссёрҳое, ки маро дар филмҳояшон даъват карданӣ мешуданд, «кӯдаконаш майда, вақт надорад» гуфта, монеи нақш бозидани ман дар кино мегаштанд. Ман то бибӣ шудан имкони нақшофариро дар филмҳо надоштам, аммо аз замоне, ки бибӣ шудам, озодтарам, зеро фарзандҳо калон шуданду ташвишам камтар шуд.
— Чанд фарзанд доред?
-Як писару як духтар.
-Шавҳаратон ба шумо монеа эҷод мекарда бошанд, чӣ тавр то имрӯз дар театр кор кардед?
-Монеъ шудани шавҳарам маънои онро надошт, ки ман бояд аз санъат дур шавам. Ману шавҳарам ҳамкурсем. Пеш аз он ки оиладор шавем, шарт гузошта будам, ки агар монед, ки ман дар театр кор кунам, бо шумо оиладор мешавам ва он кас розӣ шуданд. Шавҳари ман марди ба қавлашон устуворанд. Эшон бо сабабе монеи нақшофариам дар кино мешуданд, ки ман сахт банд нашавам. Барои офаридани як нақш дар синамо ҳунарманд моҳҳо кор мекунад. Ман бе ин ҳам дар калон кардани фарзандонам азоб кашидам. Духтарам доманамро дошта, гиря мекард, ки наравам, аммо ман ба театр мешитофтам. Ҳолатҳое шуд, ки фарзандонам дар боғчаҳои якҳафтаина меистоданд. Машғули филмҳо мешудам, шояд тамоман фарзандонамро намедидам. Барои зан ҳам ҳунарманд, ҳам модар, ҳам ҳамсар будан хеле душвор аст. Ҳоло, ки озодам, бемалол дар кино нақш мебозам.
-Теъдоди нақшҳоятон дар синамо чандто аст?
-Намедонам, баъзе филмҳоеро, ки бачаҳои ҷавон мегиранду хеле суст мебарояд, филм гуфтан мумкин ё не… Онҳоро ҳам ҳисоб кунем тақрибан 15-16 филм.
-Барои шумо бозидани нақш дар кино бешатар писанд аст ё дар театр?
-Ман донишгоҳро чун актрисаи кино хатм кардаам. Росташро гӯям, дар кино худамро озодтар ҳис мекунам, зеро медонам, ки дар иҷрои нақш ман худам танҳо ҳастам. Дублёр надорам, рақобат нест, зиддият нест. Дар театр ин гуна нест. Як нақшро ба се нафар медиҳанд. Ана, талошу мубориза оғоз мешавад. Медонед, ки ҳар кас рақобати солим намекунад. Барои рақобати солим дили бузургу маърифати баланд доштан лозим. Дар театр ҳамеша бо гумону андеша кор мекунӣ, ки туро як дақиқа пас аз нақш мегиранд ва ба ҷоят дигар касро мегузоранд ва худатро нодаркор, партофта ҳис мекунӣ…
-Шуморо боре ҳамин гуна «партофтаанд»?
-Солҳои охир не албатта, аммо дар ҷавониам зиёд. Дар театр кор кардану як пуштибон надоштан бисёр душвор аст. Як мисол меорам. Дар намоишномаи «Хонадони Дон Бернардо Алдо»-и Лорков ба ман ва як нафари дигар нақши Мартириоро доданд. Аз ибтидо маслиҳат буд, ки нахустнамоишро ман мебозам, аммо даҳ рӯз пеш аз намоиш нақшро аз ман гирифта ба дигар кас доданд. Ман ҳолати онрӯзаамро ба шумо фаҳмонда наметавонам. Ба хона рафта беҳуш шуда, афтидам. Табам баланд шуда, чанд рӯз нафаромад. Баъди як сол ин нақшро ман бозидам. Хушназар Майбалиев, ки он вақт саррежиссёри театр буданд, гуфтанд, ки ман тасаввур карда наметавонистам, ки Мартириро чунин бозидан имкон дошта бошад. Ин театр аст, чунин ҳодисаҳо зиёд мешавад. Наздики чил сол кор кардан дар як театр ва аз ҳамин ҷо ба нафақа баромадану боз кор кардан, худаш қаҳрамонист!
Намоишномаи “Чодари найранг”-и Тӯрахон Аҳмадхонов. Қиёмиддин Чақалов дар нақши мулло ва Зулхумор Иброҳимова дар нақши ҳамсари маккор…
-Шумо таҷрибаи 45 -солаи корӣ доред. Театрро аз зоҳиру ботин медонед. Театр чист?
— Театр хонаи ман… зиндагии ман…
-Театр — хонаи шумо чӣ вазифа дорад?
-Театр дастгоҳи бузурги тарбиявист, мисли кино, аммо масоҳаташ хурдтар. Театр ҷоест, ки инсонҳо рӯзгори худашонро дар саҳнааш мебинанд ва иштибоҳҳояшонро дарк карда, ислоҳ мешаванд. Мехостам аз фурсат истифода бурда як мушкилиро ёдрас шавам. Мутаассифона, имрӯз драматургияи мо образҳое надорад, ки одамон пайравӣ кунанд. Ин мушкилот на танҳо дар драматургия, балки дар кинову адабиёти муосири тоҷик низ ҳаст.
-Солҳои охир бештар нақши модарро бозӣ мекунед…
-Синну солам ба офаридани чунин нақшҳо мувофиқ аст. Хурсандиовар аст, ки коргардонҳо ба ман чунин нақшҳоро медиҳанд. Чанд сол пеш намоишномаи «Куруши Кабир»-ро ба саҳна мондему дар он нақши зани Курушро ба ман доданд, Курушро Абдукарим Машрабов мебозид. Аллакай наберадор бошам ҳам, дар саҳна нақши снегурочкаро бозӣ мекардам. Режиссёрҳо ҳамеша ба ман нақшҳои кӯдакона ё ҷавононро медоданд, билохира худам ба забон омада гуфтам, ки бас аст, ман бибӣ шудам, бояд нақшҳои ба синну солам мувофиқро бозам…
-Сабаби ба чунин нақшҳо ҷалб кардани шумо шояд дар он бошад, ки актрисаи драмавӣ ва лирикӣ ҳастед ва симоҳои манфиро бозида наметавонед…
-Ман метавонам нақши манфӣ бозӣ кунам, аммо режиссёрҳо фақат ба ман нақшҳои якрангро медиҳанд. Шумо, агар филми «Муҳаббат»-ро дида бошед, дар он ман нақши хушдомани гандаро бозидаам. Ба фикрам хуб баромадааст. Мехоҳам нақшҳои ҷиддӣ ва характернокро бозам. Намехоҳам, ки ҳамеша нақши занҳои маъюсу хаставу гирёнро офарам. Офаридани нақши манфӣ хеле осон аст ва имкониятҳои зиёде дорад, ки ҳунари актёрро кушояд, аммо нақши мусбат ба ин имкон намедиҳад. Гумон мекунам, ки ҳоло нақши ба дилам наздикро чӣ дар театр ва чӣ дар синамо набозидаам.
-Аслан дар мавриди синну соли зан ёдовар шудан аз рӯйи одоб нест, аммо шумо мавлуд доред, 65 –сола мешавед…
— Ман аз пир шудан наметарсам, балки ифтихор мекунам. Ҳар боре, ки китобчаи нафақагириро мегирам, шукр мекунам, ки ба ҳамин рӯзҳо расидам.
-Аз ҳунарпеша шуданатон пушаймон нестед? Дубора ба дунё биёед, боз ҳамин пешаро интихоб мекунед?
-Агар аз сари нав зиндагӣ мекардам, актриса мешудам, аммо дигар хел зиндагӣ мекардам. Хатогиҳоеро, ки дар ҷавонӣ содир намудам, ислоҳ мекардам, ҳарчанд аз иштибоҳҳои ман ба ҷуз худам, дигар касе зарар надидааст. Аз устодон бештар меомӯхтам…
-Киҳо буданд устодони шумо?
-Вақте ман ба театр омадам, Маҳмудҷон Воҳидов «Алломаи Адҳам» -ро ҳамчун режиссёр ба саҳна мемонданд. Дар ҳамин намоиш он кас ба ман нақш доданду маро шарафи дар як саҳна бо Ато Муҳаммадҷонов нақш бозидан насиб гашт. Саррежиссёри театр Хушназар Майбалиев қариб дар ҳама намоишномаҳо ба ман нақш медоданд. Ато-ака ду намоишномаро ҳамчун режиссёр ба саҳна гузоштанд. Яке «Афсонаи мӯйсафед» аз рӯйи асари Нурулло Абдулло, дигар «Хатро ман навишта будам»-и Файзулло Ансорӣ, ки дар ҳардуяш ба ман нақш доданд. Раҷаб Ҳусейнов, Маҳмуд Тоҳирӣ, Гурминҷ Завқибеков ва чанд устоди дигари театри тоҷик маро дастгирӣ мекарданд.
-Шумо дар «Садо аз тобут»-и Соҷида Ғуломова нақш бозидаед. Бемуҳобот нақши Соҷида Ғуломова дар рушди телевизион бениҳоят бузург аст. Ба ғайр аз Ғуломова ҳастанд режиссёрҳое, ки дар телевизион корҳои чашмрас карда бошанд?
-Сирри Соҷида-апа Ғуломова дар он буд, ки эшон маводи нағзро интихоб менамуданд ва бо актёр кор мекарданд. Ба ғайр аз Соҷида Ғуломова ман бо режиссёрҳои хуби дигар ҳам кор кардаам. Маҳсули эҷоди шодравон Ғаюр Ашӯров «Хоби ширин, хурдтаракон» ва Қурбони Ҳомид «Беғараз панд» арзишманд аст. Телевизиони «Синамо» аввалин новеллаашро ба навор гирифт, ки коргардонаш Муҳаммадрабӣ Исмоилов буд. Дар он ман нақши модарро бозидам. Гумон мекунам, ки новеллаи хуб мебарояд.
-Чӣ орзу доред?
-Орзу дорам, ки хонаи мардуми тоҷик обод, дастурхонашон серу пур ва Тоҷикистон осуда бошад. Мехоҳам, ки дар кинову театр нақшҳои ҷиддӣ офарам. Ва билохира орзу дорам, ки мардум ҳар чӣ бештар ба театр биёянд.
-Ташаккур барои суҳбати марғуб.
Мусоҳиб Одили Нозир
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ