Зулми табиат дар ҳақи як ҷавони маъюб
Дар деҳаи «Чорбоғ -2»-и ҷамоати деҳоти Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат ҷавоне, ки бо асобағал рӯи ҳавлӣ мегашт, худро Муҳаммад муаррифӣ кард…
Ӯ ба ҳавзҳои моҳии зери сел (шаби 27-уми август) мондааш бо ҳасрат нигоҳ карда, гуфт: “Имсол хостам ба соҳибкорӣ машғул шавам. Ду ҳавзи моҳӣ бунёд кардам. Бо ҳафт ҳазор сомонӣ моҳӣ харидам. 300 килограмм моҳӣ буд. Пешаш 1,5 кило вазн гирифта буд. Се навъ моҳӣ доштам. Ҳоло аз ин кӯлҳои моҳӣ пай мондаву сафолакҳои атрофи онҳо”.
Муҳаммад шукр мекунад, ки падару модар ва бародару хоҳаронаш саломат мондаанд. Корҳои бартарафсозӣ ки анҷом ёфт, шояд боз аз паси орзуҳояш равад. Ӯ ният дошт ҳангоми пурра аз худ кардани равиши моҳипарварӣ ба парвариши гулмоҳӣ машғул шавад.
Муҳаммад имрӯз шикояте надорад. Бо тани афгори худ шукрона мекунад. Муҳаммад 35 сол дорад. 20 сол пеш ба дарди устухони пой гирифтор мешавад. Мегӯяд як соли охир рӯи по хест. Ҳашт маротиба ҷарроҳӣ кардааст. Охирон аз ширкати қазоқие малҳаму доруворӣ дастрас мекунад, ки сабаби рӯи по хестанаш мегардад.
— Қариб дар ду ҳазор сомонӣ дору доштам, сел бурд. Боке нест, асос роҳҳои дармон пайдо шуд. Шояд корамро идома диҳам, бинем чӣ мешавад ҳоламон,- мегӯяд Муҳаммад.
Абдураҳмон РАҲМОНОВ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ