Ҷинояти коррупсионӣ дар Суғд зиёд шудааст

Давоми  соли 2024 дар вилояти Суғд 427 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии дорои хусусияти коррупсионӣ ба қайд гирифта шудааст. Ин омор нисбат ба соли 2023-юм 8 ҳолат зиёд мебошад.

Ба иттилои Сафар Салимзода, сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар вилояти Суғд, дар самти ҷиноятҳои коррупсионӣ соҳаи маориф пешсаф мебошад. Дар соли гузашта 67 ҷиноят нисбати 16 нафар кормандони ин соҳа ба қайд гирифта шудааст.

Аз 67 ҷиноят, 49 ҳолат аз тарафи устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров содир шудааст.

Ба гуфтаи Салимзода,  ҳоло нисбати масъулини донишгоҳ бо моддаҳои 314, сӯйиистифода аз ваколатҳои мансабӣ, 315 беамалӣ дар иҷрои вазифа, 323 сохтакории ҳуҷҷатҳо, 245 азони худкунии маблағҳои буҷетӣ ва 299 тағйир додани иттилооти компютерӣ парванда оғоз шуда, баъди тасдиқи айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст.

Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки ҳанӯз аз соли 2007 то имрӯз 18 сокини вилояти Суғд дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доранд.

Давоми соли 2024 кормандони агентӣ 3 нафарро, ки аз тафтишот пинҳон буданду дар кофтукоби расмӣ қарор доштанд, дастгир карданд. 15 нафари дигар бинобар содир кардани ҷиноятҳои коррупсионӣ расман дар ҷустуҷӯ қарор доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *



preload imagepreload image