Номаи тасаллияти дӯстон аз ИМА ба пайвандони Дамирбек Олимов

Чанд соат қабл корбари фаъоли “Фейсбук” Парвона Аҳрорӣ дар саҳифаи худ навишт, ки дӯстон аз иёлати Денвери ИМА хоҳиш кардаанд, то изҳори тасаллияти онҳоро ба пайвандони марҳум Дамирбек Олимов расонанд.

Дар матни номаи тасаллияти онҳо, ки ба наздикону пайвандон ва дӯстону мухлисони сарояндаи машҳур навиштаанд, гуфта мешавад: “Хабари марги Дамирбек замину осмонро ларзонд ва хурду калонро гирёнд. Риштаи ҷони ҷавоне ногаҳон канда шуд, диле саршори умеду орзуҳо аз тапидан бозмонд. Ин ҳодисаи шум набояд рух медод, ӯ набояд чунин зуд мерафт. Ӯ бояд умри дароз медид…

Дамирбек се сол қабл ҳамроҳ бо ҳофизаи хушовоз Нигина Амонқулова ба шаҳри Денвери Штатҳои Муттаҳидаи Амрико ташриф оварда буданд. Дамирбек аз ҳамон роҳи дур ба ҷустуҷӯи ҳамватанон омада, паёми гарми меҳру муҳаббати Ватанро бароямон оварданд. Он кас эҳёгари беҳтарин суннатҳои мардумии тоҷик буда, рисолати пайвандгарии худро ба ҷо оварданд.

Дар он маҳфили хоса дар Денвер, Дамирбек бо санъати воло ва истеъдоди нодири худ дили ҳамагон — ҳаммеҳанону ҳамзабононро тасхир намуда, дар хотири ҳамаи дӯстон барои ҳамеша нақши зебо гузоштанд. Дар қатори меҳмонони даъватшуда бародарону хоҳарони форсизабон ҳам ҳузур доштанд, ки аз ҳунару маҳорати овозхонии Дамирбек таҳти таъсир қарор гирифта, эшонро Борбади сонӣ номиданд.

Ҷамъияти Тоҷикистониёни Иёлати Колорадо таъзияту ҳамдардии амиқи худро бинобар даргузашти нобаҳангоми ҳофизи ҷавону  шинохтаи тоҷик Дамирбек Олимов ба аҳли хонадон ва ёру пайвандони марҳум баён менамояд.

Бигзор, руҳи Дамирбек ором, хонаи охираташон обод ва номи некашон ҷовидон бошад!

Денвер, ИМА”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *