Зоирин имсол ба ҳаҷҷи фарзӣ мераванд?

То ба имрӯз тақдири ҳаҷҷи фарзӣ дар як вазъи номуайян қарор дорад

 Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло дақиқан маълум нест, ки зоирони тоҷик кай имкони зиёрати хонаи Худоро пайдо мекунандё не.

Тоҷикистон ҳамоно мунтазири посухи ҷониби Арабистони Саудӣ аст, дар нишасти матбуотияш гуфт Давлатзода Сулаймон Пирхон.

«Дар масалаи ҳаҷҷи фарзӣ то ҳол аз ҷониби Арабистон ягон намуд даъватнома ба кумита нарасидааст. Дар кадом сурат баргузор шудани он ва теъдоди зоирин бо дарназардошти вазъи эпидемиологӣ ва дар асоси хости кишвари мизбон сурат мегирад», — гуфт Давлатзода.

Бино ба иттилои манбаъ, кумитаи ҳанӯз аз соли 2020 корҳои омодагиро барои сафарбаркунии зоирин баррасӣ ва ҳиссаи ҷудошуда аз рӯи шумораи аҳолиро ба шаҳру навоҳӣ фиристода буд, ки тасдиқ гардид.

Аммо бо назардошти вазъи эпидемиологӣ ин сафар сурат нагирифт.

Ин ниҳод мегӯяд, дар сурати баргузории сафари ҳаҷ нахуст ба онҳое имтиёз хоҳанд дод, ки тибқи навбат аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ пешниҳод гардидаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *