Ғайбат. Гоҳ дар наъл, гоҳ дар пой…

Шахсе, ки дар назди ту нафареро ғайбат мекунад, бе шубҳа, дар ҳузури каси дигар туро ғайбат хоҳад кард.

Мепурсӣ, ки «чаро?», «ў чӣ дард дорад?»? Ростӣ, ақли ман ҳам намерасад, ки барои чӣ чунин аст, ҷаноби Хоҷаев. Ҳарчанд дучори ғайбатсароиҳои зиёд гардидаам, вале ҳоло ҳам гуфта наметавонам, ки одамони ғайбатчӣ аз рўи одат ғайбат мекунанд, ё ғайбаташон як навъ шўхиву вақтхушӣ аст ва ё ҳақиқатро мегўянд… Яъне, мавқеи шахси ғайбатчиро муайян кардан андаке душвор аст бароям. Чун бархе мисли буқаламун ҳастанд, «гоҳ дар наъл мезананд, гоҳ дар пой». Масалан, ғайбатчӣ дар ҷамъи одамон, ҳадди ақал миёни ду-се нафар ба таърифу тавсифат даҳон гарм мекунад, ки «ҳо, ин Асозода бисёр бачаи хуб, ботарбия, бар падараш раҳмат». Аммо чун ҷамъ парешон мегардад, рўзи дигар нафаре аз иштирокдорон бо ту вомехўрад ва аз таззоде қисса мекунад, ки ҳатто бо даҳони во забон мегазӣ. Мегўяд, ки баъди рафтани ту ғайбатчӣ шеваи гуфтору рафторашро дигар кардааст. Бад-ин маънӣ, ки «ин Асозода як марази бетарбия аст, инро падараш одам нест». Дар ин ҳол миёни замину осмон чун абри гирён муаллақ мемонӣ. Аммо намедонӣ ба ҳоли худ бигирйӣ ё ба ҳоли ғайбатчӣ ва ё замину осмон, ки чунин тоифаро бардоштаву саробон шудаанд!?

Файласуф ва адиби англис Оскар Уайлд мегўяд, ки «гўш кардани ғайбат дар бораи дигаронро дўст медорам, аммо ғайбат дар бораи худам маро ҷалб намекунад». Ман бошам, не, рафиқ Хоҷаев! Умуман, ғайбатчиро чашми дидан надорам ва агар иҷозат бошад, дарзамон гулўяшро мефишорам, то ҷонаш аз қафояш барояд. Аммо чун иҷозат нест, «ҳаволааш ба Худо, миёни ҷамъият як-ду нафар аз ин тоифа бояд бошанд» мегўям.

Боре як нафари наздик наздам ба ғайбати шахсе оғоз кард, ки ҳамарўза бо ў рў ба рў мешудам ва чандон одами бад буданашро ҳам мушоҳида накардаам. Хайр, агар бад ҳам бошад, вале зарараш ба ҷамъият нарасад, маро чӣ кор? Аммо чун нахостам сухани он нафари наздикро бибурам, сокит мондам. Вақте дид, ки хомўшона гўш ба нутқаш додаам, фикр кард, ки гўё ғайбаташ ба табъам форидааст. Ҳавсалааш дучанд, забонаш «сурх» шуд. Гуфт, ки «фалонӣ фалон карду фалон карданист ва фалон мекунад». Қариб ним соат тўтивор сароид. Баъд сукут кард ва бо нишони фаҳмидани вокуниш ба ман нигарист. Гуфтам: «Тамом?». Гуфт: «Бале». Гуфтам, ки «кори хеле хуб, ҳамин корро идома деҳ». Шарм дошт аз забонсурхии худ ва оҳиста бархосту ғайб зад. Чӣ хуб, ки баъди ин қазия дигар ғайбат намекунад, суханонаш мантиқӣ шудаанд, гапи зиёде барои гуфтан ҳам меёбад. Охир, хазинаи забони тоҷикии ман таг надорад!

Ба андешаи шоир ва мутарҷими поляк Юлиан Тувим, «тавре бояд зист, ки аз фурўхтани тўтии худ ба машҳуртарин ғайбатчии шаҳр натарсӣ». Ин андеша ба фикрронии ман наздик аст, дўстам Хоҷаев. Шояд нафарони зиёди дигар низ пойбанди ҳамин ақида бошанд. Зеро, вақте аз як дўст фикрашро оид ба ғайбатпароканӣ пурсидам, бепарвоёна гуфт: «Чизе надорам, ки аз ғайбат тарсам. Агар бо ин нодорӣ ҳам ғайбатам кунанд, худ шарм хоҳанд дошт». Нафари дигар луқма партофт, ки «бигзор ғайбат кардан гиранд, гуноҳҳоям кам мешавад».

Аммо як чиз боиси нигаронист. Вақте, ки душмани ашаддиат кинатузӣ мекунад ва ба рўят бад мегўяд, парво надорӣ. Вале чун дўстони наздик аз пасат ғайбат мекунанд, аламовар аст. Лек, ин ҳам гузаранда аст, зеро, ба қавли донишманди тоҷик Умари Хайём, «дар бораи мо танҳо онҳое фикр мекунанд, ки аз мо бадтаранд. Онҳое, ки аз мо беҳтаранд, барои мо вақт надоранд…».

Дил бисёр мехоҳад, ки фисади зиёди одамон аз мо беҳтар бошанд, то ҳар кадоме пайи кори худ гардад ва шарре аз инсон ба инсоният нарасад. Аммо, мутаассифона, қисми зиёд дар сўҳбатҳо ба рўят механданду некгўӣ мекунанд, вале дар ғайбат ба ғайбатат мепардозанд. Шояд чунин рафтор замонҳои пеш ҳам ба таври васеъ роиҷ будааст, ки актёри амрикоӣ Ҳерб Шрайнер гуфтааст: «Сўҳбат — ин ҳолатест, ки се зан барои гуфтугў кунҷе қарор мегиранд. Ғайбат — вақте ки яке аз онҳо меравад».

Дар ин ҳол, чун он ду нафари боқимонда ҷудо мешаванд, барои хабаркашӣ аз ғайбатҳои якдигар пасопеш назди нафари сеюм мешитобанд.

Фазлиддин АСОЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *