Чорбоғи беоб. Чаро сокинони канори Варзоб ташнаанд?

Ба таваҷҷуҳи и.в. раиси ноҳияи Варзоб Сафарзода Шарифхон

Се сол аст, ки дар фасли тобистон мо — сокинони деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб аз оби нӯшокӣ танқисӣ мекашем, вале касе ба доди мо намерасад.

Корхонаи “Тоҷикобдеҳот”, ки вазифааш таъмини оби нӯшокӣ ба мо аст, бо ҳар баҳона вазифаи худро иҷро намекунад. Борҳо ба МИҲД-и ноҳияи Варзоб низ муроҷиат кардем, вале мушкили мо баратараф нашуд. Пешвои муаззами миллат доим таъкид менамоянд, ки аз заминҳои наздиҳавлигӣ самаранок истифода барем. Мо чӣ гуна ин корро амалӣ намоем, дар ҳоле, ки ҳатто оби нӯшокӣ надорем. Мо дар ин шабу рӯз маҷбурем обро аз мошинҳои обкашонӣ ба маблағи то 200 сомонӣ харидорӣ намоем. Наход рӯди Варзоб равон бошаду мо дар канори он ташналаб?

Хоҳишмандем, ки ин мушкили моро бартараф намоед.

Шоҳрух ТӮЙЧИЗОДА, ноҳияи Варзоб

Аз идора: Ҳамчунин, дар як нома сокинони деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб, ки дар канори шаҳри Душанбе воқеъ аст,азРаиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ хоҳиш кардаанд, ки Чорбоғро ба шаҳри Душанбе ҳамроҳ намоянд, то ки мушкилоти оби нӯшокиашон ҳаллу фасл шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *