Ғалабаи Сиёвуши тоҷик алами чеченҳоро овард

Масъулони мусобиқот маҷбур шуданд, ки барои ҷудо кардани тарафҳои даргир сарбозони ОМОН-ро ба толор даъват кунанд.

Мусобиқаи байни варзишгари тоҷик Сиёвуш Ятимов ва рақибаш аз Чеченистон Инал Хасбулатов дар Маскав ба занозании байни тоҷикҳову чеченҳо расонд . Набарди ниҳоии мусобиқоти FFC 5 вазни 57 кг дар навъи варзиши ҷангҳои бидуни қоида (ММА) байни Сиёвуш Ятимов ва Инал Хасбулатов рӯзи 12 декабр доир шудааст.
Дар ин набард бо бартарии бидуни шак Сиёвуш Ятимов ғолиб омад. Инал Хасбулатов шикасти худро хеле бо дард қабул кард ва вақте ки мухлисон ва аъзои тими рақиби тоҷикаш бо шодиву валвала пирӯзии ӯро истиқбол мекарданд, Хасбулатов болои сеткаи байни ринг ва толор баромада, ба тарафи онҳо бо дасташ ишораҳои беадабона кард. Издиҳом ӯро зери ҳуштакборон қарор дод ва варзишгари чечен боз ҳам бештар ба эҳсос дода шуда, аз сари девор парид ва аз гиребони мухлисон ва аъзои тими Сиёвуш Ятимов гирифт.
Масъулони мусобиқот ҳатто маҷбур шуданд, ки барои ҷудо кардани тарафҳои даргир сарбозони ОМОН-ро ба толор даъват кунанд. Онҳо ҳамчунин ҳушдор доданд, ки касе занозанӣ кунад, боздошт гардида, ба шуъбаи пулис бурда хоҳад шуд.

Ташкилкунандагони мусобиқоти FFC 5 баъди ин моҷаро аз Сиёвуш Ятимов хостанд, ки бидуни анҷоми маросими супурдани ҷоиза майдонро тарк кунад. Вале баъди чанд дақиқа, вақте шӯру шар дар толор каме фурӯ нишаст, маросими тақдими ҷоиза билохира доир шуд. Сиёвуш Ятимов гуфт, пирӯзиашро ба падару модараш мебахшад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *