Таъмини амнияти миллӣ дар шароити тоҷикистони соҳибистиқлол

Аз нахутин рӯзе, ки фарзонафарзанди Ватан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд, ҳифзи амнияти давлату миллатро масъалаи ҳаётан муҳим дониста, барои ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ дар самти муҳофизати манфиатҳои ҳаётан муҳими ҷамъият ва давлат аз таҳдидҳои дихолӣ корномаҳои бузургеро анҷом доданд. Дар кӯтоҳтарин муддат ба ватани аҷдодӣ бар гардонидани гурезаҳои тоҷик ва ба имзо расонидани созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон далели гуфтаҳои болост.

Сулҳу субот, оромиву осудагӣ ва ҳамзамон доштани ҳаёти шоиста, рӯ ба беҳбудӣ овардан дар ҳама давру замон орзуи ягонаи инсоният ба ҳисоб меравад. Таҷрибаи инсонӣ исбот намуд, ки барои таъмин кардани ин ҳама орзуву умеди инсоният барои ҳар қавму миллат шахсиятҳои бузурги таърихофарин лозим аст ва миллати сарбаланди тоҷик баъди ҳазорсол соҳиби чунин шахсият гардид, ки сарвари имрӯзаи давлат, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба илму хирад арҷ гузошта, ба мардум рӯзгори нек оварданд. Созандагӣро пешаи худ карданду таҷассумгари ҳақиқии таърихи миллати хеш гаштанд.  

Ҷуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 24-уми декабри соли 2004 зимни суханронии худ дар ҷаласаи васеъи кормандони ҳифзи ҳуқуқ вобаста ба хатарҳои асосии таҳдидкунандаи амнияти миллӣ қайд карда буданд: «Ба амнияти миллии ҳар давлат пеш аз ҳама қувваҳои моҷароҷӯву тахрибкори берунӣ таҳдид доранд, ки Тоҷикистон дар таърихи навини худ оқибатҳои фоҷиабори дахолати онҳоро аз сар гузаронидааст”.

Ягона қуввае, ки имрӯз ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид мекунанд, гуруҳҳои тунраве ба монанди гуруҳи терористию экстримистии Паймони зиддимилӣ, Гуруҳи 24 ва чанде дигар ҳастанд, ки ба зери сояи хоҷагони хориҷӣ паноҳ бурда, барои аз байн бурдани амнияти миллӣ ва манфиатҳои ҳаётан муҳими шаҳрвандон, сулҳу суботи кишвар, урфу одатҳои миллӣ тадбирҳои ғаразнокеро амалӣ кардан мехоҳанд.

Маҳз талоши ин неруҳои бадхоҳ буд, ки дар аввали солҳои 90-уми асри гузашта Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба машъали сӯзон табдил дода, кишварро ба коми оташ фурӯ бурданд. Хушбахтона дар баробари ба майдон омадани фарзонафарзанди миллат Эмомалӣ Раҳмон тамоми ҷомеъаи кишвар даст ба дасти ҳамдигар доданду дар сарзамини аҷдодӣ бо роҳи безарар гардонидани наҳзатиҳои фурӯхташуда, ки аз охурҳои хоҷагони хориҷии худ шикам мечарониданд, сулҳу осоишро дар кишвар барқарор карда, тамоми гурезагонро ба Ватан бар гардониданд.

  Бо заҳматҳои шабонарӯзӣ ва иродаи қавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ —  Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишвар аз қашшоқӣ раҳои ёфт. Сулҳу амният, назму субот, сарҷамъии миллат ва ваҳдати миллӣ таъмин гашт. Аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣӣ бо бештар аз 100 кишвари ҷаҳон робитаҳои иқтисодиву фарҳангӣ барқарор ва Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил шиносонида шуд. Иқтисодиёт ва соҳаҳои хоҷагии халқ инкишоф ёфту сокинони кишвар ба зиндагии шоиста қадам гузошта, фазои сулҳу суботро эҳсос карданд. Фарҳангу арзишҳои миллӣ аз нав эҳё гардиду Тоҷикистон ба ояндаи дурахшон қадамҳои устувор гузошт. Дар як муддати кӯтоҳ бо сарварӣ ва роҳнамоии Пешвои муаззами миллат дар минтақаҳои мухталифи кишвар бештар аз 240 пул, наздики 30 км нақбҳои мошингузар, бештар 2500 км роҳҳои мошингард, наздики 200 км роҳҳои оҳан, садҳо бинои муассисаҳои таълимию тандурустӣ, китобхонаҳо, марказҳои фарҳангӣ, боғу гулгаштҳо бунёд гардида барои истифода ба ихтиёри халқ гузошта шуд.

Тамоми кишварҳои дӯст ва бародар бовар надоштанд, ки Тоҷикистон бузургтарин нерӯгоҳҳои барқии обиро сохта ба истифода медиҳаду аҳолии кишварро аз норасоии барқ наҷот дода истиқлолияти энергетикиро ба даст меорад. Ба тамоми душвориҳои иқтисодии кишвар нигоҳ накарда нерӯгоҳи бирқи обии “Сангтӯда-1”, “Сангтӯда-2” агрегатҳои 1-ум ва 2-юми НБО “Роғун” ва даҳҳо нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ сохта баистифода дода шуд, ки он мардуми кишварро аз бебарқӣ наҷот дода хонадони ҳар як тоҷикистониро нурафшон гардонидааст.

Собиқ Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Дзян Дземин соли 2000-ум заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмонро дар маҷаллаи “Огонёк” чунин ситоиш карда буд: “Халқи Тоҷикистон бо сарварии Президент Эмомалӣ Раҳмон бо итминон вориди ҳазорсолаи сеюм мешавад. Саъю кӯшишҳои Сарвари давлати тоҷикон ҷиҳати таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёӣ ба ҳама маълум аст. мо ҳама ҷонибдори сулҳ, ризоият ва рушди минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошем”.

Тоҷикистон аз самари талошҳои пайгирона ва хастагинопазир, амалҳои созандагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ обрӯ ва нуфузи махсусро ҳамчун кишвари ташаббускор пайдо кард ва ба узвияти бонуфузтарин созмонҳои байналмиллалӣ пазируфта шуд.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва муносибатҳои пуртаззоди сиёсӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд манфиатҳои миллати худро ҳимоя карда, ҳамдилу ҳамақидаи сокинони кишвар бошанд. Ба ҷавонони кишвар имконият дода шуд, ки дар бонуфузтарин донишгоҳҳои давлатҳои хориҷ таҳсили илм кунанду соҳибкасб гарданд. 

Ҷумҳурии  Тоҷикистон, ки имрӯз яке аз давлатҳои оромтарину босуботтарин шинохта шудаасту бо азму иродаи матин ба сӯи фардои шукуфон роҳ мепаймояд, чашми нотавонбинонро кӯр кардааст.  Бадхоҳону душманони ашадии миллати тоҷик, ба монанди Кабирӣ, Шарофиддин Гадоев, Муҳаммадиқболи Садриддин, Беҳрӯзи Тағойзод, Саидюнуси Истаравшанӣ ва чанде дигаре ҳастанд, ки тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ симои манфури худро ба оламиён ба намоиш гузошта, истифода аз дини поки ислом ва бо туҳмату буҳтонҳои беасос барномаҳои иғвоангезонаро барои расонидани зарар ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаши ҷаҳониён карда истодаанд. Тамоми дастовардҳои воқеъии Тоҷикистонро дар роҳи рушди созандагиро нодида гирифта, пайи ҳам навору мақолаҳои танқидии беасосро паҳн мекунанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки мақсади ягонаи бадхоҳони миллат дар он аст, ки кишвари моро ба кишварҳои дигари исломӣ: Афғонистон, Ироқу Шом ва Сурия, ки даҳсолаҳост мардумашон ранҷу азоби ҷанги хонумонсӯз, зӯроварии ҳарбиёни гуногуни таҷовузкорро мекашанд, табдил диҳанд.  

Ин гуруҳҳои тундрав бо дастгирии хоҷагони хориҷӣ ва сарпарастони худ мехоҳанд диққати ҷавононро бештар ба худ ҷалб сохта дар амалӣ гардонидани нақшаҳои ғаразноки худ васеъ истифода боранду маблағҳои аз ин ҳисоб ба дастовардаашонро бо кайфият дар беҳтарин шароити давлатҳои Аврупо истифода баранд. Худ беватан гаштаанд ва мехоҳанд насли миллати тоҷикро мисли худ оқгаштаи давлату миллат гардонанд. Ҳарчанд медонанд, ки тамоми тоҷикистониёни сарбаланд симои аслии махлуқмонандашонро шинохтаанду сиёҳро аз сафед фарқ мекунанд, боз ба амалҳои худ идома дода истодаанд.

К. Каримов, Т. Чақалова Омӯзгорони МТМУ №10-и ш. Душанбе.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *