Муштариёни шаҳри Душанбе меҳмони  оператори худ шуданд

Дар остонаи Рӯзи алоқа ширкати «МегаФон Тоҷикистон» як силсила вохӯриҳоро бо муштариён оғоз кард. Мизоҷони фаъол аз тамоми минтақаҳои кишвар метавонанд бо роҳбарияти  ширкат суҳбат карда,   ҳама гуна саволҳоро дар бораи алоқа  бидиҳанд. Нахустин муколамаи озод  дар сатҳи олӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Роҳбарони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» шарҳ доданд, ки шабакаи мобилӣ чӣ тавр  кор мекунад, хадамоти  мизоҷон  чӣ гуна сохтор дорад  ва чаро гирифтани баҳо аз  муштариён барои мушовирони оператор муҳим аст.     

Ҳамарӯза ба ширкати «МегаФон Тоҷикистон» аз тариқи шабакаҳои гуногун беш аз 6000 муроҷиат ворид мешавад. 80 фоизи онҳо дар хатти якум, яъне фавран ҳал карда мешаванд. Аксар вақт инҳо саволҳои стандартӣ дар бораи тавозун ва трафики боқимонда, дархост барои ивази тарофа  ё бакордарории  замимаи мобилӣ мебошанд. Чатботи Доно низ  дар ҷавоб ба онҳо кӯмак мекунад. Ва агар масъала мушкилтар  бошад, он ба  мутахассисони ихтисосашон маҳдуд , аз ҷумла ба муҳандисони   шуъбаи идораи  фаврӣ-техникӣ таҳвил дода  мешавад. Меҳмонони ширкат ҳамчунин дар бораи фаъолияти  шабакаи мобилӣ, амалҳои баъди  чидани рақам  анҷомёбанда,  мавзеъ  ва  роҳҳои бунёди пойгоҳҳои нави базавӣ ва  намудҳои   хизматрасониҳои рақамии  аз ҷониби МегаФон Тоҷикистон барои сокинони кишвар  таҳияшаванда  маълумоти муфассал  пайдо намуданд.     

Қисмати асосии вохӯрӣ мубодилаи таассурот маҳсуб буд. Муштариён иқрор шуданд, ки қаблан онҳо ҳатто тасаввуроте надоштанд, ки кори  ширкати телекоммуникатсионӣ то чӣ андоза мураккаб аст.    

«Акнун ман фаҳмидам, ки чаро ҷавоб баъзан дарҳол  намеояд. Ҳазорҳо  дархост дар як рӯз – ин зиёд аст. Хуб аст, ки  маро ба мулоқот  даъват карда,  ҳама чизро муфассал шарҳ додед. Шуморо бо Рӯзи алоқа табрик гуфта, орзумандам, ки байни  ширкат ва муштариён ҳамеша  якдигарфаҳмӣ  бошад!” – мегӯяд муштарии “МегаФон Тоҷикистон” Саид Саидов.             

«Ман аз чунин сатҳи баланди пазироӣ  дар ҳайрат мондам,  моро директори молиявии  ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ва директори  раёсати минтақавӣ  дар  шаҳри Душанбе ва НТМ  пешвоз гирифтанд. Онҳо хеле ҷолиб сухан карданд,  ҳатто дар бораи интернет барои хона, ки  зимнан ман дар фикри пайвасткунии  он ҳастам, маълумот доданд”, — иброз дошт   Фаррух Хатамов.    

«Ман зуд-зуд ба ширкат дар бораи алоқа муроҷиат мекардам. Вале  имрӯз  ба ман фаҳмонданд, ки мутахассисони алоқа  барои  пешниҳоди хизматрасониҳои   босифат кадом корҳоро  ба иҷро мерасонанд.   Маълум шуд, ки мо, муштариён, бисёр чизҳоро намефаҳмем. Бинобар ин чунин вохӯриҳо муҳимияти хос доранд.   Умедворам, ки онҳо  бештар  баргузор мешаванд”, — қайд кард   муштарии ширкат Алишер Назаров.    

«Мулоқот бо директорони ширкат барои муштариён муфид аст. Ман  саволҳои зиёде додам  ва дарҳол ҷавоби онҳоро пайдо кардам.   Танҳо  таассуроти хуб пайдо кардам ва боз  рақами тиллоиро низ туҳфа гирифтам!» — табассум кард  сокини шаҳри Душанбе Мадина Негматова.     

«Зиёда аз даҳ сол мешавад, ки муштарии ширкат ҳастам, аммо  дар чунин вохӯрӣ бори аввал иштирок дорам.   Бо  мушкилоти худ муроҷиат мекардам   ва акнун   фаҳмидам, ки чӣ қадар мутахассисони гуногун  барои пешниҳоди фаврии  ҷавоб  ба  муштариён    ва беҳтаршавии  алоқа фаъолият  мекунанд.   Мутахассиси алоқа  будан — кори осон нест. Маълумот  дар бораи рушди финтех ва хизматрасониҳои  рақамӣ ба ман хеле писанд омад. Ташаккур ба ширкат барои имкониятҳои нав!” — мегӯяд Камилла Ушратова.   

Вохӯриҳо  бо муштариён  тамоми сол давом мекунанд. Дар навбат ВМКБ, вилоятҳои  Суғд,  Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ  қарор доранд.                 

«Суҳбатҳои озоду  мустақим  барои  дарки   муштариён ва фаҳмидани  он, ки эшон  оператори худро   чӣ гуна дидан мехоҳанд,  кӯмак мекунанд.   Мизоҷон хубтар  мефаҳманд, ки мо чӣ гуна кор мекунем, маҳз кадом амалҳоро  баҳри  беҳтаршавии сатҳу сифати алоқа анҷом медиҳем.   Ҳар вақте, ки корманди ширкат ягон  масъаларо   ҳал мекунад, муштарӣ   метавонад ба ӯ аз як то даҳ хол гузорад.   Лекин, ин баҳои на танҳо як мушовир, балки тамоми ҳайати  мост. Мо   кӯшиш дорем, ки онро пайваста ба «даҳ»-и дилхоҳ наздик кунем!» –  дар ҷамъбасти вохӯрии аввалин  иброз дошт директори  раёсати минтақавии  ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе ва НТМ —   Далер Наимов.         

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *