Амонатбонк дар Мастчоҳ ҳамоиши омӯзишӣ баргузор кард

30-юми апрели соли ҷорӣ дар доираи Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ (Global Money Week) дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд бо иштироки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, занону бонувони фаъол ва ҳунармандони ноҳия ҳамоиши омӯзишӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиши мазкур мутахассисони КВД БА ҶТ “Амонатбонк” бо рӯнамо оид ба тарзу услуби истифодаи “Замима барномаи мобилии “Амонат-мобайл”” ва “Кортҳои пардохтии бонкӣ ва дигар воситаҳои пардохтҳои ғайринақдӣ” баромад намуда, ба иштирокдорон оид ба низоми пардохти ғайринақдӣ, барномаи мобилии Амонат-мобайл, ҳамёнҳои электронӣ, кортҳои пардохтӣ, «Интернет-банкинг», пешниҳоди қарз, намуди пасандозҳои бонкӣ ва ғайра маълумот пешниҳод намуданд.

Дар идома миёни иштирокдорони ҳамоиш ва масъулини бонк вобаста ба хизматрасониҳои бонкӣ суолу ҷавоб сурат гирифта, ба нафарони фаъол туҳфаҳои брендии хотирмон бо рамзи Амонатбонк тақдим карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *