Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон маълум шуданд
Дар Душанбе Чемпионати бокси Тоҷикистон баргузор шуд, ки ғолибони ин чемпионат дастаи мунтахаби Тоҷикистонро таъсис дода, дар мусобиқаҳои интихобии олимпӣ, ки нимаи аввали соли 2024 ба нақша гирифта шудаанд, иштирок хоҳанд кард.
Федератсияи бокси Тоҷикистон ба ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал ҷоизапулӣ низ туҳфа кард. Аз ҷумла, ба барандагони медали тилло 5000 сомонӣ, нуқра 3000 ва ба барандагони медали биринҷӣ 1000 сомонӣ тақдим шуд.
Дар мусобиқа, ки байни занону мардон доир шуд, 175 муштзан иштирок карданд, ки занон 57 нафар буданд.
Дар он байни занон Сумайя Қосимова (вазни -48 кг), Руҳафзо Ҳақназарова (-51 кг), Рухсора Қурбонова (-52 кг), Фариза Ёқубова (-54 кг), Дилдода Асақолова (-57 кг), Дилноза Нуримова (-60 кг), Мавзунаи Аҳмадҷон (-63 кг), Малика Нозимова (-66 кг), Мавлуда Одинаева (-70 кг), Дилрабо Холмуродова (-75 кг), Гуларус Шоева (-81 кг), Фарзона Каримова (+81 кг) ҷойҳои ифтихориро соҳиб шуданд.
Меҳроҷиддин Баротов (-48 кг), Меҳрон Шафиев (-51 кг), Меҳроҷ Зоҳидов (-54 кг), Асрор Воҳидов (-57 кг), Абубакр Муродзода (-60 кг), Баҳодур Усмонов (-63,5 кг) муштзанҳое буданд, ки дар байни мардон унвони чемпиони Тоҷикистон дар соли 2023-ро сазовор шуданд.
Ҳамчунин Саидикром Амонов (-67 кг), Шаҳобхон Шукуров (-71 кг), Мирзомуҳаммади Бахтиёр (-75 кг), Шаббос Негматуллоев (-80 кг), Парвиз Каримов (-86 кг), Баҳман Расулов (-92 кг), Муҳаммад Аброриддинов (+92 кг) байни мардҳо ба дарёфти унвони чемпиони Тоҷикистон дар соли 2023 даст ёфтанд.
Давлат Болтаев (-92 кг) ва Миҷгона Самадова (-57 кг) дар Бозиҳои Осиё роҳхати Бозиҳои олимпии Порис-2024-ро ба даст оварданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ