толеънома

Толеъномаи 21-уми декабри соли 2023

Ҳамал

ҳамал

Рӯзи ором аст. Нафароне, ки бо кори савдо машғуланду ҳар лаҳза таваккал мекунанд, муваффақият ба даст меоранд. Сафарҳои роҳи дур ва вохӯрӣ бо шахсони аҷиб имкон дорад. Корҳои нотамом ва мушкилоти рӯзҳои охир аз нав сади роҳатон мегарданд. Фикру андешаҳои худро тоза намоед.

Савр

савр

Дар ин шабу рӯз аз бемории зуком худро эҳтиёт кунед. Рӯз барои сафару саёҳат, корҳои ҷисмонӣ, хариду фурӯши хонаву мошин мусоид аст. Вохӯриҳои ошиқона ё дӯстона имкон доранд. Ин рӯзро бо шахси дӯстдоштаатон бубахшед, вохӯрӣ табъи ҳардуятонро болида месозад.

Ҷавзо

ҷавзо

Барои тамоми корҳо рӯзи мусоид аст, вале хуб мебуд, ки имкониятҳои худро бо хоҳишҳоятон мувофиқа намоед. Бо табъи хушу ақли расо ва корчаллонӣ гули сари сабади маҳфилҳо мегардед. Як шӯхии ноҷо боиси нофаҳмӣ мегардад, вале муноқиша ба зудӣ рафъ мегардад. Бо пайдо шудани аввалин нишонаҳои зуком дарҳол аз пайи табобат шавед.

Саратон

саратон

Агар дар муносибатҳои шахсиятон қадаме ба пеш гузоштан мехостед, имрӯз вақте фаро расидааст, ки боҷуръаттар амал намоед. Муҳимаш нисбати шахсе, ки дӯсташ медоред, самимӣ бошед, дурӯягӣ кардан дар ин рӯз дарҳол фош мегардад. Бемадорӣ ва дарди сар нишонаҳои саршавии зуком аст.

Асад

асад

Рӯз барои рафъи мушкилоти иқтисодӣ ва тамоми масъалаҳое, ки бароятон муҳим аст, хуб анҷом меёбад. Тамоми нақшаву ниятҳоеро, ки ҷасуриву фаросатро талаб мекунанд, дар ҳамин рӯз амалӣ намоед. Бегоҳирӯзӣ нафареро вомехӯред, ки чанд рӯз дар ҷустуҷӯяш будед.

Сунбула

сумбула

Рӯзи пур аз рӯйдоду ташвишҳо аст. Табъатон тағйир ёфта, дар рафтору кирдор саргум мезанед. Агар аксари атрофиёнатон ба ҳодисаҳое, ки дар атрофатон рух медиҳад, бо назари танқид нигаранд, ба ҳайрат наоед.

Мизон

мизон

Рӯзи хубест барои равшанӣ андохтан ба муносибатҳои ошиқонаатон. Ҳар чизеро, ки пурсидан мехостеду ҳар гаперо, ки гуфтан мехостед, вале аз пурсидан шарм медоштед, дар ҳамин рӯз нотарсона гуфтан гиред. Дар ин рӯз ростгӯву софдил ва ҳамсуҳбати хуб бошед, он гоҳ дар мавзӯҳои нозук самимона суҳбат карда метавонед.

Ақраб

ақраб

Имрӯз мақсадатон дар ҳама кор ғолибият ба даст овардан аст. Ҳатто агар дар коре муваффақ нагаштед, аз нав кӯшиш ба харҷ дода, ба муваффақият мерасед. Вақти амал кардани шумо фаро расидааст. Чизе наметавонад устувории шуморо барбод диҳад, ҳар қадаре мақсадатон ҷиддӣ бошад, ҳамон андоза заҳмати зиёд мекашед.

Қавс

қавс

Сафарҳои дарозмуддат ё истироҳат дар ҳалқаи наздикон хастагии асабҳоятонро рафъ месозад. Кӯшиши баргардонидани ошиқи пештараро накунед, вагарна дучори нохушиҳо мегардед.  Азбаски дар ин рӯз ба худ боварии қатъӣ доред, ҳам дар касбу кору ҳам дар оила корҳоятон бобарор анҷом меёбанд.

Ҷаддӣ

ҷаддӣ

Мушкилоти хурди оилавӣ табъи хушатонро вайрон карда наметавонад. Имрӯз имкони оғоз намудани кори наверо, ки боиси ба даст овардани маблағи хуб мегардад, пайдо месозед. Бо нафароне, ки қаблан асабатонро хароб месохтанд, забон ёфта метавонед. Дар бораи хешовандони дуратон, ки кайҳо боз хабар надоштед, хабари тоза мешунавед.

Далв

далв

Дар ин рӯз ба касе маслиҳат додану хоҳиши нафареро иҷро карданро тавсия намедиҳем. Дар тахт намудани ҳуҷҷатҳо ва фаъолияти омӯзгорӣ  ба ғалат роҳ доданатон имкон дорад. Хусусан кормандони соҳаи хизматрасонӣ бояд хеле эҳтиёткор бошанд, барор ҳар лаҳза метавонад аз дастатон фирор намояд. Нимаи дуюми ҳафта хабари хуш ё пешниҳоди муфиде имкон дорад, ки даромади хуби пулӣ меорад.

Ҳут

ҳут

Аз корҳои хатарноку шиносоиҳои шубҳанок, ки ба саломатиятон зарар доранд, худдорӣ намоед. Агар ба меҳмонӣ даъват кунанд, бо меҳрубонӣ рад намуда, аёдатро ба вақти дигар гузоред. Аз даст додани пул, мушкилиҳои рӯзгор ва ҷанҷоли оилавӣ эҳтимол дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *