Қаҳрамонӣ не, қарзамонро адо кардем
“Якуми апрели соли 1943. Ҳавои баҳорӣ форам буд, аммо аз дили мо ҷавононе, ки ба фронт мерафтем, чиҳое намегузашт… Намедонистем, моро чӣ интизор аст. Вале мо ҳадаф доштем, ҳадафи мо Ғалаба буд!” – мегӯяд, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Абдураҳмон Иброҳимови 98-сола.
Сафҳаҳои сарнавишт
Бобои Абдураҳмон айни замон набераву абераҳояшро дар гирдаш ҷамъ оварда сарнавишти сангини худро барояшон қисса мекунад. Ҷодаи зиндагии ӯ, гарчанде ноҳамвору душвор буд, вале омӯзанда аст.
Номбурда 1 июли соли 1922 дар деҳаи Деҳбаланди ноҳияи Тавилдара (Сангвори имрӯза) таваллуд шудааст. Мактаби миёнаро ҳамагӣ то синфи 5 хонд ва ба кор оғоз кард, чун вазъи зиндагӣ ва талаботи давлати нави Шӯравӣ ҳаминро тақозо менамуд.
Соли 1941, вақте ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз шуд, Абдураҳмон аллакай ҷавони чор кас медидагӣ буд. Бинобар ин, ӯро зуд ба таълимоти ҳарбӣ фаро гирифтанд. Дарсҳои ҳарбӣ дар деҳаи Дашти гурги Тавилдара мегузашт. Дере нагузашта навбати Абудраҳмон расид. Барояш даъватнома омад…
Ба фронт, ба сӯйи Ғалаба
Абдураҳмонро падару модар бо ҳисси ифтихор, вале бо чашмони ашкбор гусел карданд. Ӯ ибтидо ба Сталинобод омад. Баъди анҷоми расмиёт ва гузаштан аз комиссияҳои дахлдор ӯро ба Шаҳрисабзи Ӯзбекистон фиристоданд. Дар ин ҷо Абдураҳмон бо техникаи ҳарбӣ ва силоҳу аслиҳа ошноии бештар пайдо намуд. Дар муддати чанд моҳ аллакай ӯ ҷанговари тайёр буд. Ҳамин тавр, ӯро барои ҳимояи Украини фиристоданд.
-Вақте ба Украини расидем, ҷанг ҳанӯз идома дошт. Маро дар отряд ба сифати минимётчӣ қабул карданд. Муҳорибаи ман аз Киев оғоз шуд. Банда, таҳти фармондеҳии Маршал Жуков ҷанг мекардам, — бо ҳисси ифтихор ҳаводиси 78 сол қаблро ба ёд меорад, бобои Абдураҳмон.
Муҳорибаи Житомир
Абдураҳмон Иброҳимов дар муҳорибаҳои мухталиф ширкат кард ва дар озод кардани чандин шаҳри Украина аз дасти Душман саҳм гирифт, вале муҳорибаи Житомир барои ӯ фаромӯшношуданист.
-7-уми ноябри соли 1944 аскарони Шӯравӣ Киевро аз дасти Германияи фашистӣ озод карданд. Ин туҳфаи ҷанговарон ба ҷашни 26-солагии Инқилоби Октябр буд. Акнун барои мо навбати озод кардани Житомир пеш омад. Барои мо ҳамагӣ шаш рӯз лозим шуд, ки шаҳри Житомирро аз дасти душман раҳо кунем, вале дар охири муҳориба ман тир хӯрдам. Ҷароҳатам вазнин буд, дигар чизеро ёд надорам, вақте бедор шудам дар госпитали Қазоқистонам, — сафҳаҳои ҳаёти ҷангии худро ба ёд меорад Абдураҳмон Иброҳимов.
Ғалаба бо Сталин
Баъди шифо ёфтан Абдураҳмон Иброҳимовро ба Маскав ба баталёни эҳтиётӣ фиристоданд. Ӯ баъди тамринҳои пайдарпай қувваву нерӯи заруриро барои идома додани ҷанг ба даст овард, вале хушбахтона, нерӯи ӯ ба ҷанг сарф нашуд, зеро моҳи майи соли 1945 Артиши Шӯравӣ ба Германияи фашистӣ Ғалаба кард.
-Ғалабаро ман дар Кремл пешвоз гирифтам. 9 майи соли 1945 дар Майдони Сурх дар ҳузури Сталин паради ҳарбӣ бахшида ба Ғалабаи артиши Шӯравӣ ба Германия гузашт. Ман дар он парад ширкат кардам. Нигоҳи босалобати доҳӣ ҳеҷ аз ёдам намеравад. Баъди ин, фармони Сталин баромад ва ман ба Ватан баргаштам, — бо ифтихор мегӯяд бобои Абдураҳмон.
Қарзамро адо кардам
Баъди ба Ватан баргаштан Абдураҳмон Иброҳимов солҳо дар Тавилдара ба деҳқонӣ машғул шуд ва бештар дар хоҷагии пахтапарварӣ кор кард.
Оиладор ва соҳиби 11 фарзанди солеҳ шуд. Дере нагузашта ба Душанбе кӯчид ва то имрӯз дар пойтахти мамлакат зиндагӣ мекунад.
-Ман ифтихор мекунам, ки дар зиндагии худ бо Мирзо Турсунзода ва Боқӣ Раҳимзода қаробат доштам, бо онҳо шину хез ва равуо кардам. Аз ин бузургмардон хотираҳои нек дорам, — мегӯяд Абдураҳмон Иброҳимов.
Дӯст намедорад, ки ӯро қаҳрамон гӯянд.
-Ман вазифаи худ, қарзи ҷавонмардиамро адо кардам. Ватанро ҳифз кардам. Ин қаҳрамонӣ не, ин адои қарз аст, — мегӯяд ӯ.
Вале ҳамагон медонанд, ки ҳамаи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ қаҳрамонанд.
О.НОЗИР
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ