«Чӣ Гап» аз Tcell: замимаи нав- иртиботи ҷадид!

Замимаи«Чӣ Гап» аз Tcell 5 сол боз барои корбарон имконияти ҳамеша дар тамос буданро бо наздикону пайвандон на фақат дар Тоҷикистон, балки берун аз он низ фароҳам меорад. Акнун, яке аз барномаҳои маъмултарини иртиботии Тоҷикистон — Чӣ Гап комилан таҷдид шуда, бо функсияҳои наву муфид такмил гардидааст!

Tcell ба корбарон замимаи нави  «Чӣ Гап»-ро пешниҳод менамояд! Яке аз хусусиятҳои асосии барномаи ҷадид, сифати баланди алоқа ҳангоми тамоси садоӣ бо телефонҳои хонагӣ ва мобилӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Истифода аз барнома боз ҳам осону роҳаттар шудааст ва тарроҳии ҷадиду интерфейс онро равшантар гардонидаанд.  таҷдидшуда онро боз ҳам равшантар мекунад! Ба замима ҳамчунин дигар функсияҳо, аз ҷумла интиқоли мобилӣ, пардохти муваққатӣ, пур кардани тавозун, чати фаврӣ бо хадамоти дастгирӣ ва ғайра шомил карда шудаанд. Корбарони «Чӣ Гап»  метавонад бевосита дар дохили барнома пешниҳодҳои махсус ва навигариҳоро қабул кунанд.   

Нусха(версия)-и пешинаи барнома ба наздикӣ хомӯш карда мешавад ва фаъолияташро қатъ менамояд. Барои боргирӣ ва насби замимаи нави “Чӣ Гап” аз Tcell тавассути Play Market шитоб кунед (https://is.gd/ChiGap), App Store (https://is.gd/ChiGapApp)

Тафсилоти бештарро аз сомонаи ширкат www.tcell.tj пайдо карда метавонед.

«Чӣ Гап» аз ҷониби ширкати Tcell моҳи апрели соли 2015 роҳандозӣ гардида, аввалин замимаи мобилии миллии Тоҷикистон барои гӯшиҳои ҳушманд (смартфон)-ҳо маҳсуб меёбад, ки тавассути он Шумо ҳамеша имкон доред, онлайн бошед ва бо телефонҳои хонагиву  мобилии Тоҷикистон бо нархҳои дастрас занг занед. Дар ин муддат, барномаи “Чӣ Гап” миёни онҳое, ки мехоҳанд ҳамеша бо наздикону пайвандонашон аз тамоми гӯшаву канори дунё дар иртибот бошанд, маҳбубияти хосаро касб кард.    

___________________

 Tcell  — бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED — Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *