Қабул ба синфи 1 ройгон аст! Ҳушдори мақомоти маориф аз фасодкорӣ
Аз волидоне, ки фарзандонашон соли равон ба мактаб мераванду дар ин раванд дучори фасодкории масъулин шудаанд, хоста шуд, то ба мақомот муроҷиат намоянд.
— Қабули кӯдакон ба синфи якуми гуруҳҳои забони таҳсилашон тоҷикӣ ва русии муассисаҳои таълимӣ тариқи ройгон сурат мегирад,- хабар дод Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе.
Сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода таъкид намудааст, ки қабули ройгон ба синфи якро Конститутсияи кишвар кафолат додааст.
Тавзеҳ дода шудааст, ки дар муассисаҳои таълимии шакли нав ва хусусӣ низ, бе назардошти маблағи шартнома ин раванд ройгон ба роҳ монда мешавад.
«Дар ҳолати аз ҷониби масъулини маорифи шаҳри Душанбе талаб намудани маблағ барои қабули кӯдак ба синфи якум волидайн бояд аз масъулин расид барои маблағ талаб намоянд ва ё арзу шикояти худро ба Сарраёсати маорифи шаҳр расонанд»,- афзудаст ӯ.
Телефони боварӣ дар чунин ҳолатҳо 2213092 пешниҳод шудааст, ки корафтодагон метавонанд тариқи он ба Сарраёсати маориф муроҷиат намоянд.
Бар асоси муқаррарот дар Тоҷикистон кӯдакони 7-сола ва онҳое, ки то охири моҳи декабр 7-сола мешаванд, ба синфи якум қабул мегарданд. Аз ҷумла кӯдаконе, ки то 31-уми декабри соли 2015 таваллуд шудаанд, ба синфи якум мераванд. Қабул ба синфи 1 дар тамоми кишвар ройгон аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ