Хонандагони болаёқати Хуҷанд ба Британияи Кабир сафар карданд

Хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд ҷиҳати иштирок дар олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни забони англисӣ ба шаҳри Лондони кишвари Британияи Кабир сафар карданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, 11 нафар хонандагони МДТ «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Хуҷанд Муҳаммадхон Баҳромзода, Исфандиёр Қобилов, Шукрулло Нарзуллоев, Беҳрӯз Мирфаёз, Искандархоҷа Искандаров, Шерозхуҷа Шодмонов, Ясмина Аҳророва, Рамазон Ҳайдарзода, Дилбарҷон Ҷабборова, Фирӯза Абдуллоева ва Бузрукхоҷа Мирзохоҷаев дар 2 даври олимпиадаи мазкур, ки моҳҳои феврал — майи соли равон тариқи фосилавӣ баргузор гардида буд, ғолиб омада, ба Гранд-финали ин Олимпиадаи бонуфузи байналмилалӣ роҳхат гирифтанд.

Гуфта мешавад, ки дар даври финалии олимпиадаи ҷаҳонии «TEENEAGLE» аз фанни забони англисӣ иштироки хонандагон аз 30 кишвари дунё дар назар аст.

Олимпиадаи мазкур аз 31-уми июл то 7-уми августи соли равон дар Донишгоҳи Брунели шаҳри Лондони Британияи Кабир баргузор гардида, инчунин иштирокчиёни Олимпиадаи ҷаҳонӣ аз макону мавзеъҳои таърихиву фарҳангии ин давлат дидан мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *