Қадами Қурбонро кӣ аз марг наҷот медиҳад? (аудио)

Масъалаи бемории яке аз чеҳраҳои баҳсбарангези шабакаи интернет, хусусан “Ютуб” Қадами Қурбон имсол ҳам ба таври васеъ паҳн гардид. Сароянда имсол низ аз вазъи вазнини саломатияш шикоят кард.

Ёдовар мешавем, ки зимистони соли гузашта низ сарусадоҳо атрофи бемории Қадами Қурбон ва дар бораи он ки ба ӯ ҷоду хӯрондаанд ё ба коронавирус гирифтор шудааст, ба миён омада буд. Он вақт ӯ гуфта буд, ки ба зинда монданаш бовар надорад.

Аммо имсол дар суҳбат бо ҳайати гуруҳи ҳаҷвии “Арабшо”, ки ба аёдаш рафтаанд, аз дарди ҷонкоҳи қисмати рости шикам шикоят мекунад, ки чаҳор моҳ боз бехобӣ мекашаду ҳар он чӣ истеъмол мекунад, қай менамояд ва дард то ҳадде сахт аст, ки ба мурданаш розӣ мешавад. «Даврони тандуруст буданам дӯстони бешумор доштам, ки рақамашон дар “калкулятор” намеғунҷид. Вале ҳоло касе ба аёдат намеояд»,- афзудааст ӯ.

Ҳамзамон, ҳамсари сароянда дар боби камбағалӣ сухан гуфта, аз ҷумла зикр кардааст, ки “чаҳор моҳ боз қанди сафедро надидаанду нонро дар чой тар карда мехӯранд”.

Қадами Қурбон бо муроҷиат аз мухлисон ва мардуми Тоҷикистон кумак хостааст, ки дастгирияш намоянд, то имкони дар хориҷа табобат кардан ёбад.

Қадами Қурбон 1-уми феврали соли 1974 дар деҳаи Чагами ҷамоати Чагами ноҳияи Шамсиддини Шоҳини минтақаи Кӯлоб дар оилаи омӯзгор таваллуд шудааст. Падараш Гулмаҳмад Қурбонов аз фанҳои химияву биология дарс медод. Модараш бошад, қаҳрамонмодар аст. Дар мактаби №11 ба номи Алишер Навоӣ (ҳоло мактаби миёнаи №33) таҳсил кардааст. Солҳои 1993-1995 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон хизмат кардааст. Миёни 10 нафар Қадами Қурбон фарзанди ҳаштум аст. Оиладор, соҳи 6 фарзанд — 4 писар ва 2 духтар.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *