Шаш нафар журналисти Ӯзбекистон узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон шуданд

5-уми май дар шаҳри Тошканд байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Иттифоқи эҷодии журналистони Ӯзбекистон Меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расид.

Меморандуми мазкур имкон медиҳад, ки ҳар сол ҳайатҳои журналистони ду кишвар сафарҳои эҷодӣ дошта бошад. Яъне ҳар сол ҳайати 10-нафараи журналистони Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ва журналистони Ӯзбекистон ба Тоҷикистон сафар мекунанд. Инчунин, меморандум барои табодули таҷриба, баргузории машғулиятҳои омӯзишӣ ва доир намудани чорабиниҳои муштарак замина фароҳам меорад.

Ба ин муносибат ҳамоиши журналистони Тоҷикистону Ӯзбакистон доир гардид, ки дар он ҳуҷҷати муҳими ҳамкориро раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода ва раиси Иттифоқи эҷодии журналистони Ӯзбекистон Олимҷон Усаров имзо намуданд.

Ин маросим аз ҳамкориҳои дуҷонибаи ҳарду кишвар бо азми қавӣ паём медиҳад. Бинобар ин, дар маросими бошукуҳ Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода иштирок ва суханронӣ кард.

Дар ин нишасти дуҷонибаи бошукуҳ ба 6 нафар журналисти Ӯзбекистон, ки дар нашрияҳои чопиву элекронии тоҷикӣ фаъолият мекунанд, шаҳодатномаи узвияти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон супорида шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *