Қадрдонии Эмомалӣ Раҳмон бо ордени «Дуслик» дар Тотористон
Дар шаҳри Қазон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо ордени «Дуслик»-и Ҷумҳурии Тотористон сарфароз гардонида шуд.
Орденро дар як маросими бошукӯҳ Президенти Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия Рустам Минниханов ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон супорид.
“Тибқи Фармони Раиси Ҷумҳурии Тотористон, ордени «Дуслик» (Дӯстӣ) ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми барҷастаашон дар рушди ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Тотористон ва таҳкими дӯстию тафоҳум миёни мардумон дода мешавад. Ордени “Дуслик” (Дӯстӣ) мукофоти олии Ҷумҳурии Тотористон ба шумор меравад”,- иттилоъ медиҳад маркази матбуоти Сарвари давлат.
Сарвари давлати Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тотористон барои чунин қардшиносии олӣ арзи сипос намуда, ин мукофоти олиро баҳои арзанда ба тамоми мардуми Тоҷикистон мансуб донист.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ