Мақоми Артиши Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонӣ 7 зина боло рафт

Артиши Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии қудрати низомӣ 7 зина боло рафт ва ба мақоми 113 баромад. Ин дар ҳолест, ки соли 2023 артиши кишвари мо дар мақоми 120 буд.

Global Firepower 2024 менависад, ки қудрати Артиши Тоҷикистон сол аз сол тақвият меёбад. Дар давоми як сол, тибқи иттилои ин манбаъ, аз лиҳози техникӣ артиши кишвар тақвият ёфта, инак, ба ҷойи 37 танк 52, ба ҷойи 10 гаубитса 36 ва ба ҷойи 3 системаи ракетӣ 29-то шудааст.

3 омили қудрати Артиши Тоҷикистон

Youtube Army Blog 3 омили қудрати Артиши Тоҷикистонро номбар кард. Ба ақидаи коршиноси низомии ин канал, Артиши Тоҷикистонро набояд сода гирифт.

Дар идома коршинос 3 қудрати Қувваҳои мусаллаҳи кишвари моро номбар мекунад.

1. 7-умин бригадаи ҳамлаи ҳавоӣ-десантии неруҳои мобилӣ, ки омодатарин сохтори неруҳои вижаи Осиёи Марказӣ ба ҷанг маҳсуб мешавад. Тақрибан нисфи афсарони ин бригада, ки асоси неруҳои вижаи Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ таҷрибаи ҷангӣ гирифтаанд. Дар ҳоли ҳозир ин воҳид дар ҳайати Неруҳои дастҷамъонаи вокуниши сареъи СПАД қарор дорад.

2. Тоҷикистон бо кишварҳои дигар ҳамкории зич дорад ва аз онҳо кумаки низомӣ мегирад. Ҷумҳурӣ дар ин самт, масалан, бо Русия, Чин ва Қазоқистон шарикӣ мекунад.  

3. Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар қаламрави ҷумҳурӣ ҷойгир шудааст, ки бузургтарин иншооти низомии Русия аз ҷумлаи объектҳои берун аз Федератсияи Русия мебошад. Он дорои садҳо танк, чархболҳо ва ҳавопаймоҳои ҳамлакунанда, ҳавопаймоҳои бесарнишин ва тӯпхона, инчунин тақрибан 7000 афсар аст, ки дар ҳама ҳолат ба Артиши Тоҷикистон кумак мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *