Қаллобони Тоҷикистон,муйсафедро ҳам фиреб медиҳанду хориҷиёнро ҳам…
Дар бозори “Корвон”-и шаҳри Душанбе зани 35-солаи сокини ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз марди афғон 53 ҳазор сомонӣ гирифтааст
Тавре ВКД хабар медиҳад, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 52-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ғазантараки ноҳияи Деваштич бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 15-уми сентябри соли 2020, бо роҳи фиреб ба боварии марди 54-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ғазантараки ноҳияи мазкур даромада, аз ӯ 62-сар чорвои майдаи шохдорро ба маблағи 31 ҳазору 600-сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, молҳоро фурӯхта, маблағашонро то ҳол барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Муҷихарфи ноҳияи Нуробод муроҷиат намудааст, ки 18-уми августи соли 2020 дар ҳудуди шаҳри Душанбе марди 37-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”-ро ба маблағи 55 ҳазор сомонӣ нархгузори карда гирифта, аммо маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Инчунин, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 35-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи августи соли 2020, дар кӯчаи Ҳисори шаҳри мазкур марди 28-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “БМВ”-ро гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш хишти пухта медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст. Зарари расонидашуда 70 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 44-солаи шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, муваққатан истиқоматкунанда ҷамоати деҳоти Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки моҳи августи соли 2020, дар бозори “Корвон”-и шаҳри Душанбе зани 35-солаи сокини ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 53 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Ҳамин тариқ, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза пирамарди 70-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 13-уми августи соли 2013, марди 46-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 7 ҳазору 240-доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ