Қаноатмандии раиси вилояти Суғд дар Москва

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо президенти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Русия Сергей Катирин ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуд.

Ин дидору мулоқот  дар шаҳри Москва сурат гирифтааст.

Зимни суҳбат ҷонибҳо аз таҳкими равобити дӯстона, ки дар дар доираи созишномаҳои ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода барои дар сатҳи баланд ташкил намудани намоиши маҳсулоти дар вилояти Суғд истеҳсолшаванда ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати мулоқот бо соҳибкорону тоҷирони Россия ба роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати ФР изҳори сипос кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *