Дар Зафаробод бинои нави филиали Амонатбонк ба истифода дода шуд

Дар  ноҳияи Зафаробод бинои замонавии филиали рақами 28-и Амонатбонк ба истифода дода шуд.  

Бинои филиал аз 2 ошёна иборат аст. Ҳамчунин, он дорои ҳуҷраҳои барҳавои корӣ, анбор, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Дар ин ҷо барои тақвияти  хизматрасонии бонкӣ ба аҳолӣ  дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳавӣ таъмин карда шудааст.

 Ин бино қаблан дар тавозуни ҶСК “Агроинвестбонк” қарор дошт. Амонатбонк баъди харидорӣ онро куллан таъмир намуд.

Раиси Раёсати КВД БА ҶТ  “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ дар вақти ба истифода додани филиал таъкид  намуд, ки баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои бонкӣ, риояи қатъии қоидаҳои одоби муошират бо мизоҷон, тарғибу ташвиқи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, баланд бардоштани нишондиҳандаҳои молиявӣ ва пешниҳоди  бештари қарзҳо ба аҳолӣ, хусусан ба соҳибкорону кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарону кормандони филиал ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ қарор дошта бошад.

Дар маросими ба истифода додани иншооти мазкур Раиси ноҳияи Зафаробод ва намояндагони бахши минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд низ иштирок доштанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *