Парвозҳои “Сибирь” (S7) ва “Северный ветер” манъ шуд. Мардуми чиптадор куҷо равад?

Икром Субҳонзода: Иқдоми мо комилан ба хотири ҳимояти манфиатҳои мардум аст

Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон 2 ширкати ҳавопаймоии Русия – “Сибирь” (S7) ва “Северный ветер”-ро ба боло бурдани нархи парвозҳояшон айбдор карда, онҳоро аз ҳаққи анҷоми парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия маҳрум кард.
Раҳбари Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Икром Субҳонзода рӯзи 18 май ба хабаргузори русии «Спутник» гуфт, ин ду ширкат бар хилофи тааҳҳудоти қаблӣ нархи парвозҳояшонро боло бурдаанд.
“Мо огоҳ карда будем, ки агар нархҳоро пойин наоранд, парвозҳояшонро қатъ мекунем. Онҳо протоколро имзо карданд, вале то ҳол шартҳоро иҷро накарданд. Иқдоми мо комилан ба хотири ҳимояти манфиатҳои мардум аст”, – изҳор доштааст Икром Субҳонзода.

Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон рӯзи 22 апрел, вақте нархи парвозҳо ба Русия то ба 17 ҳазор сомонӣ хесту норозигии мардумро ба бор овард, намояндагони “Уралские авиалинии”, “Ютэйр”, “Сибир” ва “Северний ветер” – 4 ширкати ҳавопаймоии Русияро, ки ҳаққи анҷоми парвозҳои чартерӣ аз фурудгоҳҳои Тоҷикистон ба фурудгоҳҳои Русияро доштанд, даъват карда, ба онҳо барои пойин овардани нархи парвозҳояшон ду рӯз вақт дод. Агентӣ гуфт, дар сурати иҷро накардани ин талаб, ширкатҳои ҳавопаймоии Русияро аз ҳаққи анҷоми парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия маҳрум хоҳад кард. Ширкатҳои русӣ ин талабро пазируфтанд ва гуфтанд, ки нархҳояшонро то ҳадди аз 3 ҳазор то 8 500 сомонӣ пойин оварданд.
Аммо Икром Субҳонзода бо гузашти қариб як моҳ аз он ултиматум гуфт, ки ду ширкати “Сибирь” ва “Северный ветер” шартро иҷро накарданд ва нархҳояшонро боло бурдаанд.
Субҳонзода ҳамчунин иддаои Мироҷ Азизов, раҳбари намояндагии “Северный ветер” дар Тоҷикистонро рад кард ва гуфт, сабаби манъи парвозҳо истифодаи ҳавопаймоҳои бузург нест, балки мушкили нархи чиптаҳост.
Қаблан Мироҷ Азизов гуфта буд, ки онҳо ба сабаби зиёд будани шумори мусофирон мехостанд аз ҳавопаймоҳои бузурги ғунҷоишашон то 440 мусофир истифода баранд, вале баъди ҳамагӣ ду парвоз бо чунин ҳавопаймоҳо ҷониби Тоҷикистон истифодаи ҳавопаймоҳои бузургро барои онҳо манъ кард, чунки чунин ҳавопаймоҳоро ба талаботи бехатарии фурудгоҳҳои Тоҷикистон номувофиқ донистаанд.
Ширкати “Северный Ветер” аз 11 май дар роҳи анҷоми парвозҳои чартериаш аз шаҳрҳои Тоҷикистон дучори мушкил шудааст ва ин боиси дар фурудгоҳҳои Душанбеву Хуҷанд дармондани чанд ҳазор мусофири ин ширкати русӣ шудааст.
Аз 17 май мушкилот барои ширкати «Сибирь» (S7) низ сар шуд.
Аммо баҳои ихтилофи назари байни мақомоти авиатсионии Тоҷикистон ва ширкатҳои ҳавопаймоии Русияро чун ҳамеша мусофирони оддӣ пардохт мекунанд. Ин мардум бо нархҳои ҳангуфт чиптаи парвоз харида, чанд рӯз боз маҷбур аст, ки шаби худро дар фурудгоҳ рӯз кунад ва гӯшбақимор бошад, ки оё кай ба парвози онҳо иҷозат хоҳанд дод? Акнун онҳо бояд чӣ кор кунанд?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *