1 миллиону 500. Насби даҳ чароғак дар Бохтар

Қарор аст то охири моҳи май дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар даҳ адад чароғаки роҳнамо насб карда шавад. Барои амалӣ кардани ин нақша 1 миллиону 500 ҳазор сомонӣ аз буҷети маҳаллӣ ҷудо мешавад.  

Бузургмеҳр Юсуфзода, сардори Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои шаҳри Бохтар дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ба ҳисоби миёна дар як шабона рӯз беш аз се ҳазор нақлиёт танҳо аз шаҳру ноҳияҳои атроф вориди Бохтар мешаванд. Бо вуҷуди ин дар шаҳр чароғакҳои куҳна ва аз солҳои пеш ба меросмонда кам нестанд,-афзуд вай. Ӯ мегӯяд, чунин чароғакҳои роҳнома гоҳ кор мекунанду гоҳе бо сабабҳои фарсудагӣ аз фаъолият боз мемонанд, ки ин барои танзими ҳаракати нақлиёт мушкил пеш меоварад.

—Бо насби чароғакҳои рақамӣ танзими ҳаракат дар роҳ осон шуда, садамаҳои нақлиётӣ то андозае коҳиш меёбанд. Ҳоло дар 12 нуқтаи роҳи мошингарди шаҳри Бохтар 12 ҷуфт чароғаки роҳнамо аз ҷумла 7 рақамӣ ва 5 адад навъи солҳои пешин насб шудааст, ки ин кам мебошад.

Машраби Аловиддин

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *