Қароқалпоқистон: Мухторият боқӣ мемонад, вале Мирзиёев нигарон аст

Дар Ӯзбекистон тасмим гирифтаанд, ки мақоми мухторияти Қароқалпоқистонро ҳифз карда, замони баррасии умумӣ сари тағйири Қонуни Асосиро тамдид намоянд. Ин тасмим пас аз нооромиҳо дар Нуқус гирифта шуд. Феълан, дар ин кишвари мухтор то 2-юми август ҳолати фавқулодда эълон шудааст.

Оғози қазия

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар охири моҳи июн пешниҳод карда буд, ки раъйпурсӣ барои ворид кардани тағйирот ба Қонуни асосӣ баргузор шавад. Парлумони кишвар барои таҳияи тағйирот комиссияи конститутсионӣ таъсис дода, баъдан, тарҳи қонуни нав дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо барои баррасӣ ба палатаи қонунгузорӣ пешниҳод карда шуд.

Ин санад барои баррасии омавӣ то санаи 4-уми июл пешниҳод шуда буд. Пас аз он мебоист лоиҳаи 200 тағйирот ба 64 моддаи конститутсия ба раъйпурсӣ пешниҳод карда мешуд. Ду тағйири он қонун боиси баҳсу мунозира шуд: яке дароз кардани муҳлати президентӣ аз 5 ба 7 сол, дигаре барҳам додани мухторияти Қароқалпоқистон.

Дар Қароқалпоқистон чӣ гузашт?

Маҳз эҳтимоли маҳрум шудан аз мухторияти Қароқалпоқистон бар асоси ислоҳоти нав боиси эътирозҳои оммавӣ шуд, ки чанд рӯз пеш дар Нуқус сурат гирифт.

Ҳамин тариқ, дар пойтахти Ҷумҳурии худмухтори Қароқалпоқистон рӯзи 1-уми июл гирдиҳамоӣ ба амал омад. Ошӯбгарон баъд аз кӯшиши тасарруфи биноҳои мақомот дар минтақа боздошт шуданд. Теъдоди зарардидагон то 1000 нафар гуфта мешавад.

Шавкат Мирзиёев тайи ҳафтаи равон ду маротиба ба Нуқус сафар кард ва бо фаъолони ин кишвар ҳамсуҳбат шуд. Дар натиҷаи ошӯбҳо қарор дода шуд, ки бахши барҳам додани мухторияти Қароқалпоқистон аз тағйироти конститутсия бароварда шуд. Президенти Ӯзбекистон гуфт, ки ҳаводиси Қароқалпоқистон бо ҳадафи ноором кардани вазъи ҷомеа ва барҳам задани тамомияти арзӣ роҳандозӣ шудааст.  

Ҷумҳурии Қароқалпоқистон

Қароқалпоқистон аз се як қисми Ӯзбекистонро ташкил медиҳад. Вилояти мухтори Қароқалпоқистон соли 1930 аз ҳайати Қазоқистони Шӯравӣ берун шуда, мустақим ба итоати Иттиҳоди Шӯравӣ шомил гардид. Аз соли 1936 то соли 1990 дар ҳайати Ӯзбекистони Шӯравӣ буд. Соли 1990 парлумони ҷумҳурии мухтори Қароқалпоқистон дар ҳайати Ӯзбекистон эъломияи давлати мустақилро қабул кард. Ҳукумати Ӯзбекистон дар соли 1993 бо Қароқалпоқистон шартномаи 20-солаи байнидавлатӣ баст ва ин кишварро шомили Ӯзбекистон кард. Дар соли 2013, вақте ки муҳлати шартнома ба поён расид, онро фаромӯш карда буданд. Аъзои ҳаракати «Алға, Қароқалпоқистон», ки ин масъаларо бардоштанд, ҳоло фирорӣ ҳастанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *