Қарорҳо бекор мешаванд, вале гунаҳгорон беҷазо мемонанд

Дар ҳақиқат, хеле нигаронкунанда аст, ки ҳар сол қарорҳои зиёди раисони шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб бекор мегарданд ва ё ба онҳо эътироз оварда мешавад.

Мисол, дар шаш моҳи соли равон ба 219 қарорҳои ғайриқонунӣ қабул намудаи раисони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб вобаста ба замин аз ҷониби мақомоти прокуратура эътироз оварда шудааст. Ин бошад, нисбати соли гузашта 151 адад зиёд аст.

Акнун гап сари он меравад, ки дар паси омодасозии ҳуҷҷатҳои ҷудо кардани қитъаҳои замини хонасозӣ, объектҳои иҷтимоӣ муҳру имзоҳои киҳоянд? Пас хеле хуб мебуд, ки баробари эътироз овардан ба қарорҳо ба шахсони парвандаҳоро ба расмият медароварда низ ҷазою ҷаримаҳо муқаррар карда шавад.

Оид ба муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бошад, сардори Кумитаи идораи замин дар минтақаи Кӯлоб Дилшод Ризозода ахборот дод, ки дар нимсолаи якуми соли 2023-юм 4600 адад аризаҳо ворид гардидаанд, ки ба онҳо ҷавобҳои мушаххас дода шудааст. 90 адад аризаҳо дар ҳолати санҷишу баррасӣ қарор доранд.

Нурулло ҲАСАНОВ, рӯзноманигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *