Муҳоҷирати занҳои тоҷик афзоиш меёбад

Дар 6 моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 90 ҳазор зан Тоҷикистонро тарк кардаанд.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода гуфт, ки бештари онҳо аз интизории шавҳарашон аз Русия хаста шуда, муҳоҷирати кориро ихтиёр намудаанд.

«Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта, ки он замон 57 ҳазору 451 нафар занон ба муҳоҷират рафта буданд, тавре мебинем, ин нишондиҳанда хеле зиёд шудааст»,- зикр кард ӯ.

Ҳилолбӣ Қурбонзода гуфт, ки «ҷудошавии тӯлонии оила ба занҳо фишори равонӣ ва иҷтимоӣ оварда, онҳо ҳарчи бештар тасмим мегиранд, ки дар ҳаёти иқтисодӣ фаъолона иштирок намоянд ва ҳамроҳи шавҳаронашон дар хориҷа ҷойи кор пайдо кунанд ё дертар ба назди онҳо раванд».

Ҳоло Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон талош доштааст, ки дар ҳамдастӣ бо мақомоти марбута роҳу воситаҳои дастгирии занонро барои пешгирӣ аз муҳоҷират ҷустуҷӯ кунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *