Қарор додед, ки сомона созед? Аз куҷо оғоз бояд кард? Қадамҳои аввалин

Дар тиҷорати муосир дер ё зуд дарки далеле ба миён меояд, ки он дар фазои интернетӣ ҷой гирифтан аст, яъне соҳиби сомона шудан.

Дар ин мақола мо ба дигар имконоти ҳузур доштан дар Интернет дахл нахоҳем кард, балки фақат ба мавзуи сомона тамаркуз мекунем.

1. Домен, ё номи сомона

Дар Интернет ҳамаи сомонаҳо суроғаҳои худро доранд, ки онро домен (domain name) меноманд. Дар Тоҷикистон се минтақаи асосӣ маъмуланд — .TJ-и миллӣ, .RU-и русӣ ва .COM-и байналмилалӣ. Аввал шумо бояд номи озодро интихоб кунед, зеро на ҳама номҳо дастрасанд ва баъзеҳо аллакай гирифта шудаанд. Бақайдгирандагон бо доменҳо сарукор доранд. Масалан, дар Тоҷикистон ин ism.tj аст. Дар ҷустуҷӯ шумо тафтиш мекунед, ки ном озод аст ва сипас онро сабт менамоед.

Муҳим: Шумо соҳиби домен не, танҳо танзимгари он мешавед. Он моликияти шумо нест!

2. Хостинг

Хостинг ҷойест, ки сомонаи шумо амалан ҷойгир аст. Он як қисми фазои маҷозӣ мебошад, ки файлҳои сомона, танзимоти веб-сервер ва дигар атрибутҳои техникӣ ҷойгиранд. Ба шумо танҳо лозим аст, ки ширкати хостингӣ ва тарофаро интихоб кунеду тавассути сабти номи серверҳои DNS доменро ба хостинг пайваст намоед. Ин як пули пайвасткунанда миёни домени шумо ва хостинг аст.

3. SSL-сертификатҳо

Амнияти сомонаҳо махсусан дар ҷаҳони муосир муҳим аст, бинобар ин, талаботи браузерҳои интернетӣ мавҷудияти сертификатҳои бехатарӣ дар сомонаҳо ба шумор меравад. Онҳо ssl-сертификатҳо номида мешаванд. Сомонаи дорои сертификатро муайян кардан осон аст. Номи домени он дар сатри суроғаҳо бо ишораи https:// ҷойгир аст.

Сертификат ба шумо аз ҷониби ширкати хостингӣ дода мешавад. Он метавонад алоҳида ё якҷоя бо тариф пешниҳод гардад. Ин хидмати солона аст.

4. Худи сомона

Ҳамин тавр, мо ҳама чизи лозимиро дорем, ҳоло танҳо таҳияи сомона боқӣ мемонад. Ва дар ин ҷо, шояд кори аз ҳама мушкил пеш меояд.

Вақте қарор медиҳед, ки ба шумо мошин лозим аст, ба гараж намеравед, то бо дасти худ ба сохтани он шуруъ намоед. Бо сомонаҳо низ тақрибан ҳамин тавр аст.

Дар аксари ҳолатҳо шумо ба кумаки мутахассисон — фрилансерҳои инфиродӣ ё таҳиягарони сомона ниёз доред. Шумо метавонед қолаби тайёрро интихоб кунед ё тарҳи инфиродӣ, сохтори саҳифаи худ, функсияҳои шахсии худро, ки танҳо барои ширкати шумо зарур аст, таҳия намоед. Шумо метавонед танзимгари сомонаро истифода баред, аммо ӯ маҳдудиятҳои зиёде дорад.

Ҳамаи ин бевосита ба мақсадҳо вобаста аст.

Қолабҳои тайёр арзонтаранд, аммо сатҳи эътимоди аудитория ба онҳо ва имконоташон хеле пасттар аст.

Таҳияи инфиродӣ гаронтар ва аз лиҳози вақт тӯлонитар аст, аммо барои сомона функсияҳои бештарро фароҳам меорад: каталогҳо, варақаҳои фармоиш, ҳуҷраҳои шахсӣ, мағозаҳо ва ғайра. Арзиши тиҷоратии онҳо хеле баланд аст.

Ин дастури кӯтоҳест, ки умедворам, ҳангоми эҷоди манбаи интернетиятон зиндагии шуморо осонтар мекунад ва инчунин, аз як қатор хатоҳо ва мушкилоте, ки ширкатҳои дигар дучор шудаанд, пешгирӣ менамояд.

Муаллифи гӯша:

Максим ШУМСКИХ,

Директори генералии ширкати байналмилалии IT «Матадор»

Аз ҳама ҷолиб дар Telegram: t.me/matador_it

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *