Шаҳригул Мирзоева: Зиндагӣ ҳазор гардиш дорад

Меҳмони навбатии гўшаи “Маслиҳати хушдоман” модари азиз, сокини деҳаи Наврўзи ноҳияи Панҷ Шаҳригул Мирзоева мебошанд.

Саволи мо ба меҳмон чунин аст:

— Дар замони мо низ волидайне пайдо мешаванд, ки «духтар чиву хонданаш чӣ» гўён, дар таҳсилоти олӣ гирифтани духтарон монеа эҷод мекунанд. Ба назари шумо келини хондагӣ хуб аст ё нохонда?

— Ба гумони банда солҳои ахир нигоҳи мардум ба хондани духтарҳо дигар шудааст, барои осонии кор дар ноҳияҳои дурдаст филиали донишгоҳҳову коллеҷҳо кушода шуда истодаанд, ки иқдоми хеле олӣ аст. Сарчашмаи ин иқдомот ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат аст, ки ба таълиму тарбияи ҷавонон, ба вежа духтарон аҳмияти зиёд медиҳанд. Ҳангоми сафарҳои худ ба ноҳияҳои дурдаст, ҷавонони болаёқатро дида, бо хушнудӣ аз онҳо пуштибонӣ мекунанд. Барои ятимону бепарасторон квотаҳои президентӣ ҷудо мешавад, ки боиси дилгармии ҷавонон аст.

Ман чор духтару як писар дорам, ки шукронаи Худои бузург ҳар кадоме соҳиби хонаву дари обод ва фарзандон ҳастанд. Ҳамаи онҳо соҳиби маълумоту ҳунарҳои зебо ҳастанд, писару ду духтарам духтур, ду духтари дигарам бошанд, дўзанда ҳастанд. Духтаронро лозим аст, ки касбу ҳунареро аз бар намоянд, зеро аробаи зиндагиро баробар бо шавҳар кашидан бори ўро хеле сабук месозад. Баъд, зани ҳунарманд худаш худашро эҳтиром мекунад, дар оилаву ҷомеа соҳибэҳтиром мешавад. Ҳунарманд дар ҳама давру замон новобаста аз вазъияти ҷомеа нонашро ёфта мехўрад, ба касе муҳтоҷ намешавад. Баъзе волидайн танҳо дар тарбияи писарашон кӯшиш ба харҷ медиҳанду духтарро моли мардум ҳисобида, ба дасти шавҳараш ба обрў додани ўро вазифаи ҷонии худ медонанд. Набояд ин хел бошад, зиндагӣ ҳазор гардиш дорад ва бояд волидон ояндаи фарзанди худро андеша намоянд.

Аз рўйи мушоҳидаҳоям медонам, ки бисёриҳо имрўз келини хондагӣ мекобанд, мардҳо низ мехоҳанд модари фарзандонашон босаводу ҳунарманд бошад. То дар зиндагӣ тавонанд идеали фарзандони худ бошанд.

Суҳбати ДИЛОШӮБ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *