Қарордод ба имзо расид: Низомиёни тоҷик дар Ӯзбекистон омӯзиш мегиранд
Шералӣ Мирзо — вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Баҳодир Қурбонов — вазири мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон мулоқот намуд.
Дафтари матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон иттилоъ додааст, ки зимни мулоқот ҷонибҳо дар мавриди омӯзиши кадрҳои низомии тоҷик дар донишгоҳҳои Ӯзбекистон қарордод ба имзо расонидаанд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот гуфта шудааст, ки масъалаҳои ҳамкорӣ миёни ду кишвар на танҳо дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, балки дар заминаи дифоъ ва амният низ ба сатҳи баланд баромадаанд.
— Пас аз ин ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири мудофиа Шералӣ Мирзо аз Маркази миллии назорати дифои Ӯзбекистон дидан намуданд,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ