Абдуллозода дар Шаҳристон бо беморон суҳбати ошкоро кард

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар ноҳияи Шаҳристон бо вазъи хизматрасонии муассисаҳои тиббӣ шинос шуд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, аснои боздид номбурда аз рафти фаъолияти шуъбаҳои муассисаҳои тандурустии ноҳия дидан намуда, ҳамзамон бо як қатор беморон низ суҳбати озоду ошкоро анҷом дода, аз онҳо доир ба сатҳи хизматрасонии тиббӣ пурсон шудааст.

Номбурда пас аз боздид ба роҳбарият ва кормандони муассисаҳои тандурустии ноҳияи Шаҳристон баҳри боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ дастуру супоришҳои мушаххас додааст.

— Чунин гаштҳои шабона ва рӯзонаи роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳоли Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустии манотиқи гуногуни кишвар идома дорад,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *