Нисбати пирамард беэҳтиромӣ карду ҳабс шуд (аудио)

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз 10 шабонарӯз ҳабс шудани ронандаи «Спринтер» барои беэҳтиромӣ нисбати пирамарди мусофир хабар дод.

Ёдовар мешавем, ки санаи 6-уми августи соли ҷорӣ дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба муносибатҳои дағалона бо мусофирон ва бо суръати баланд идора намудани воситаи нақлиёт аз ҷониби ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Спринтер», рақамҳои қайди давлатиаш 0654АВ07 изҳори назар шуд. Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ амалҳои ронандаро маҳкум намуда, дар ин замина аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуда буданд, ки нисбати номбурда чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.

Ахиран Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки дар натиҷаи пешбурди як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шудааст, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Спринтер», рақамҳои қайди давлатиаш 0654АВ07 шаҳрванд Ғоибов Наҷибулло Раҳматуллоеивич, санаи таваллудаш 20.09.1997, истиқоматкунандаи ноҳияи Восеъ мебошад. Ваҷҳҳои дар муроҷиат зикргардида пурра мавриди санҷиш қарор дода шуда, исботи худро ёфтаанд. Ҳамзамон, муайян карда шудааст, ки рақамҳои қайди давлатии 0654АВ07, ки дар автомашинаи мазкур мавриди истифода қарор дошт, ба дигар нақлиёт тааллуқ дошта, шаҳрванд Ғоибов Наҷибулло дар баробари истифодаи рақамҳои қайди давлатии бегона ҳамзамон бе иҷозатномаи дахлдор ба хизматрасонии мусофиркашонӣ машғул гардидааст.

— Бо назардошти ҳолатҳои мазкур, нисбати Ғоибов Наҷибулло барои идораи воситаи нақлиёт бо рақамҳои қайди давлатии бегона, тибқи талаботи моддаи 313 ва барои бе иҷозатнома ба мусофиркашонӣ машғул гардидан, тибқи талаботи моддаи 510-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуд. Ҳамзамон, дар асоси қарори Суди ноҳияи Фирдавсӣ барои беэҳтиромӣ нисбат ба мусофирон ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10 шабонарӯз татбиқ карда шуд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *