Ли Сян дар Душанбе ба Президент ва сарвазири Тоҷикистон чӣ гуфт?

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ва Ли Сян, сарвазири Шӯрои давлатии Чин рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахшҳои гуногун баррасӣ карданд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон, Ли Сян, ки барои ширкат дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои Созмони ҳамкории Шанхай дар  Душанбе  қарор дорад, рӯзи 19 – уми  октябр ҳангоми мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон кӯмаку дастгирии кишварашро дар амалӣ намудани тарҳҳои муштарк таъкид кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, ки ба рушди ҳамкорӣ бо Чин пайваста таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд.

Ли Сян дар навбати худ изҳор доштааст, Чин пайваста аз рушду нумуи Тоҷикистони дӯст дастгирӣ намуда, дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки муштарак кӯмаки худро дареғ намедорад.

Дар ин мулоқот густариши ҳамкории иқтисодӣ, аз ҷумла гардиши савдо, ки дар моҳҳои январ – августи соли равон ҳаҷми он ба зиёда аз 2,5 миллиард доллар расидааст, баррасӣ шудааст.

Зимнан, рӯзи 18-уми октябр Ли Сян, сарвазири Шурои давлатии Чин бо Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон низ мулоқот анҷом дод, ки дар он  зарурати афзоиши содироти Тоҷикистон ба Чин ва дастрасии истеҳсолкунандагони тоҷик ба  бозори ин кишвар таъкид гардид.

Ли Сян ва Қоҳир Расулзода ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат ва коркарди ашёи хомро аз самтҳои афзалиятнок хонда, пешниҳод кардаанд, ки дар самти нассоҷӣ, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои муштарак барои коркарди пахта ва то ба маҳсулоти тайёр расонадани  он тадбирҳо андешида шаванд.

Дар ин вохӯрӣ панҷ санади ҳамкорӣ миёни ниҳодҳои давлатии Тоҷикистону Чин дар бахшҳои маориф, касбомӯзӣ, зерсохт ва сохтмонҳои муҳандисӣ, пешгирӣ ва мубориза бо фасод ба имзо расид.

Дар назар аст, ки Ли Сян, сарвазири Шурои давлатии Чин,  рӯзи 20-уми октябр, дар нишасти Шӯрои сарони ҳукуматҳои Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе иштирок кунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *