Академике, ки ду донишгоҳи бузургро роҳбарӣ кард (видео)

19 августи соли 1942 Саидмуҳаммад Одинаев, академик, физикдони маъруф ва собиқ ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба дунё омадааст.

Саидмуҳаммад Одинаев аз чеҳраҳои барҷастаи илми физикаи Тоҷикистон ба шумор мерафт. Ӯ доктори илмҳои физикаю математика, профессор, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон ва узви Академияи илмҳои Ню-Йорк буд.

Пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар соли 1965 фаъолияти илмиву омӯзгории худро дар ҳамин донишгоҳ оғоз кард. Аз ассистентӣ то профессорӣ расид ва солҳои зиёд ба таҳқиқу тарбияи мутахассисони ҷавон машғул шуд.

Солҳои 1999 – 2001 директори Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умаров буд.

Баъдан, солҳои 2001 – 2005 ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ва солҳои 2005–2008 ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.

Саидмуҳаммад Одинаев ҳамчунин ноиби президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон ва раиси Шуъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техника буд.

Акамдемик Саидмуҳаммад Одинаев 3 августи соли 2023 дар синни 80-солагӣ аз олам чашм пӯшид. Ӯ то охири умр ба илму омӯзгорӣ содиқ монд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *