Иҷрои барзиёди нақшаи андоз дар Хатлон
Дар нуҳ моҳи соли равон нақшаи ҷамъоварии андоз дар вилояти Хатлон наздики 105 дарсад таъмин шудааст.
Аз Раёсати андоз дар вилояти Хатлон ба Pressa.tj иттилоъ доданд, ки нақшаи умумии андоз беш аз 3 миллиарду 745 ҳазор сомонӣ буд. Аммо бо бештар кардани суҳбату вохӯрӣ ва баланд гардидани сатҳи огоҳии андозсупорандагон, дар нуҳ моҳ наздики 3 миллиарду 227 миллион сомонӣ ҷамъоварӣ карда шуд, ки аз нақша 181 миллион сомонӣ бештар аст.
Давоми соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ховалинг, Бохтар, Ҷайҳун, Панҷ, Носири Хусрав ва Ҷалолиддини Балхӣ нақшаи ҷамъоварии андоз бештар аз 120 дарсад иҷро шудааст. Дар боқимонда шаҳру ноҳияҳо ҳам нақша ба пуррагӣ таъмин шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ