Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рӯдакӣ ва ифтитоҳи чанд иншоот

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон рӯзи 19 октябр дар доираи сафар ба ноҳияи Рӯдакӣ  биноҳои нави раёсати маориф ва қасри фарҳанги ноҳияро мавриди истифода қарор дод.

Дар ин бора дафтари матбуоти Президенти кишвар иттилоъ дода, ҳадаф аз ин сафарро  “шиносоӣ бо вазъи иқтисодию иҷтимоӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти нав ва мулоқоту суҳбат бо сокинон” арзёбӣ кардааст.

Бинои нави раёсати маорифи Рӯдакӣ, ки ба муносибати 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд шудааст, аз 35 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ бо 182 ҷойи нишаст, китобхона, ошхона ва меҳмонхона иборат аст.

Манбаъ мегӯяд, дар бинои нави раёсати маориф шароити зарурӣ ва имкониятҳои муосир барои кормандон фароҳам оварда шудааст. Президенти кишвар ифтитоҳи ин бино ва  кӯдакистону муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро дар ноҳияи Рӯдакӣ барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи насли наврас муҳим арзёбӣ кард.

Ҳамчунин, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафар бинои нави Қасри фарҳангро дар ноҳияи Рӯдакӣ, ки  ба номи Кароматулло Қурбонов гузошта шудааст, ифтитоҳ намуд.

Барои арҷгузорӣ ба гиромидошти хотираи Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Кароматулло Қурбонов, дар назди бино пайкараи ин овозхони маҳбуби тоҷик гузошта шудааст.

Зимни боздид ба Сарвари давлат  Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар ин ҷо 130 ҷойи корӣ таъсис ёфта, барои кормандони соҳаи фарҳанг шароити мусоиди кору фаъолият фароҳам гардид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суҳбат бо кормандон таъкид намуд, ки ҳукумати кишвар барои саҳмгузорӣ дар рушди соҳа, тарбияи кадрҳои болаёқат, кашфи истеъдодҳои ҷавон ва ҷиҳати баланд бардоштани маҳорати касбии ҳаваскорон пайваста тадбирҳои созанда меандешад.

Бинои нави қасри фарҳанг дорои 700 ҷойи нишаст аст. Он аз 50 ҳуҷраи корӣ ва ёрирасон, аз ҷумла ҳуҷраҳои машқу тамрин, сабти овоз, коргардонҳову кормандони техникӣ, пардозгарӣ ва либосивазкунӣ иборат аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *