“Ин таърихи зиндагии ман аст”. Рӯнамоии китоби нави Гулсифат Шаҳидӣ дар Душанбе (видео)

17-уми октябри соли равон дар шаҳри Душанбе рӯнамоии “Осори мунтахаб”-и нависанда Гулсифат Шаҳидӣ баргузор шуд.

Зимни муаррифии китоби тозанашри хонум Шаҳидӣ гуфта шуд, осори мунтахаби навбатии нависанда мавзуҳои гуногун, аз қабили маҷмӯи мақолаҳо, таҳқиқот дар бораи робитаҳои адабиёти тоҷику рус дар солҳои 20-30-юми асри гузашта, чеҳранигории баъзе шахсиятҳо, ёддоштҳои сафарии ӯ ба кишварҳои мухталифро фаро мегирад.

Тавре ки  Гулсифат Шаҳидӣ рӯнамоӣ гуфт, ки осораш таърихӣ буда, аз ҷумла таърихи зиндагии ӯро инъикос мекунад.

 “Ҳадафи ин китоб аз он иборат аст, ки мақолаҳоям ҳар ҷо чоп шудаанд. Дар маҷалла, рӯзнома, баъзеҳояш ҳамчун сюжетҳои телевизионӣ, ҳамчун сафарномаҳо ҳар ҷо чоп шудаанд. Ман ҳамаашро дар як китоб ҷамъ овардам, ки нест нашаванд… Ҳамаи китобҳои ман бадеӣ. Ин китобам бошад, таърихӣ. Таърихи зиндагии ман аст”, – афзуд Гулсифат Шаҳидӣ.

Китоби тозанашри Гулсифат Шаҳидӣ аз 615 саҳифа иборат буда, бо забони русӣ навишта шудааст.

 Гулсифат Шаҳидӣ ба пурсиши хабарнигори Pressa.tj посух дод, ки ният дорад бо ҳузури нависандаҳо низ ин китобашро муаррифӣ кунад.

“Медонед, омадану рафтани ман ба Душанбе як вақти аниқ нест. Ин ҷо бояд ман ҳама чиро аниқ, вақташро гӯям. Имсол 80 – солагии шавҳарам Толибхон буд. Умуман, намедонистам, ки кай Душанбе меоям, боз кай бармегардам, боз дар куҷо 80 – солагӣ мегузарад. Соли оянда насиб бошад, агар  як соли ором шаваду мо аз ҳама чӣ озод шавем, баъд мумкин менависам, ки фалон вақт биоям, фалон вақт мумкин рӯнамоии китбро гузаронидан, зеро ин ҷо фақат як ман нависанда не-ку”-, гуфт Гулсифат Шаҳидӣ.

Гулсифат Шаҳидӣ аз нависандаҳоест, ки осораш бо забонҳои гуногуни хориҷӣ ва дар кишварҳои мухталиф нашр шудааст.

Ӯ муаллифи асарҳои “Акси осмон дар чашм”, “Шаҳре, ки орзуҳо амалӣ мешаванд”, “Ҳамсояҳо”, “Хуршеди нурбори ман”, “Фарҳод аз Навгилем” ва чанде дигар мебошад.

Гулсифат Шаҳидӣ  соҳиби як қатор ҷоизаҳои байналмилалӣ, ду маротиба “Адиби беҳтарини сол” дар Лондон гардидааст. Инчунин, медалҳои “Кабутари сулҳ”-и Созмони адибони Авруосиё, беҳтарин адиби Авруосиё дар Маскавро ба даст овардааст. Соли 2021 Гулсифат Шаҳидӣ дар Русия аз рӯйи номинаи “Адабиёти бачагона” – “Адиби сол” интихоб гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *