Самарқанд мизбони мулоқоти вазирони хориҷаи Осиёи Марказӣ ва ИМА

19 октябри соли равон дар шаҳри Самарқанд вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисод ва тиҷоратро баррасӣ карданд. Таъкид шуд, ки имрӯз имкон фароҳам омадааст, то ба шарикии C5+1 мазмуну моҳияти нави стратегӣ дода шавад. Марҳилаи навбатии ҳамкорӣ бояд на танҳо ба густариши робитаҳои дуҷониба, балки ба истифодаи пурраи иқтидори Осиёи Марказӣ ҳамчун минтақаи муттаҳид равона гардад.

Мизбони нишаст Бахтиёр Саидов, вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон ҳамтои амрикоии худ – котиби давлатии ИМА Марко Рубиоро ба муносибати нахустин сафараш ба Ӯзбекистон хайрамақдам гуфта, барои талошҳояш ҷиҳати тақвияти шарикии стратегӣ байни Ӯзбекистон ва Иёлоти Муттаҳида изҳори сипос намуд.

– Президенти ИМА Доналд Трамп ба Осиёи Марказӣ ва имкониятҳои густариши ҳамкорӣ бо минтақа таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад. Баргузории ин мулоқот дар Самарқанд рамзӣ аст. Соли 2015 нахустин ҷаласаи вазирони C5+1 низ дар ҳамин шаҳр баргузор шуда буд. Аз он замон рӯзномаи ин формат васеътар, механизмҳои ҳамкорӣ тақвият ёфта, худи Осиёи Марказӣ ба минтақаи муттаҳидтар ва дорои имконияти бештари ташаккули ояндаи худ табдил ёфт, – гуфт Бахтиёр Саидов.

Ӯ афзуд, ки Осиёи Марказии қавӣ, устувор ва шукуфон ба манфиатҳои ҳамаи кишварҳои минтақа ва шарикони байналмилалии он ҷавобгӯ мебошад.

Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон иброз дошт, ки кишвараш бо қабули ҳамраисии Котиботи C5+1 омодагии худро барои идомаи натиҷаҳои бадастомада, таъмини пайдарпайии ҳамкорӣ ва табдил додани созишҳо ба натиҷаҳои амалӣ изҳор медорад.

Дар мулоқот зикр гардид, ки тақвияти робитаҳои иқтисодӣ, ҷалби технологияҳои пешрафта ва сармоягузорӣ, инчунин васеъ намудани дастрасӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ аҳамияти аввалиндараҷа доранд.

Ҳамчунин, шарикии стратегӣ дар соҳаи маъданҳои муҳим аз самтҳои афзалиятнок номида шуд. Таъкид гардид, ки вазифаи муҳим муттаҳид сохтани имкониятҳои мавҷуда ва бунёди шарикии дарозмуддатест, ки ба мардуми тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ манфиати назаррас меорад.

Котиби давлатии ИМА Марко Рубио гуфт, ки кишварҳои минтақа ва Иёлоти Муттаҳида метавонанд дар ҳамкорӣ имкониятҳои заруриро барои ҳифзи соҳибихтиёрии давлатҳо ва рушди устувори онҳо фароҳам созанд.

– Ҳамкории Иёлоти Муттаҳида ва Осиёи Марказӣ имкони таъмини захираҳо, сармоягузорӣ ва шарикии тиҷоратиро фароҳам меорад, ки барои ҳифзи соҳибихтиёрӣ ва афзоиши шукуфоии муштарак заруранд. Дар миёни самтҳои ҳамкорӣ масири Транскаспий, маъданҳои муҳим ва омода кардани мутахассисон барои бахши технология ҷойгоҳи муҳим доранд, – гуфт Марко Рубио.

Ба гуфтаи ӯ, C5+1 на танҳо манфиатдории ИМА ба муносибатҳои наздиктар ва осоишта бо кишварҳои Осиёи Марказиро инъикос мекунад, балки ӯҳдадории Вашингтонро барои пешбурди минбаъдаи ин муносибатҳо низ нишон медиҳад.

Рубио зикр намуд, ки Иёлоти Муттаҳида ба амнияти саноат ва занҷирҳои таъминоти худ манфиатдор аст.

– Осиёи Марказӣ макони муҳим барои сармоягузорӣ ва содирот буда, метавонад ба маркази муҳими таъминоти маводе табдил ёбад, ки барои ояндаи ҳамаи кишварҳо заруранд. Мо инфрасохтори масири тиҷоратии Транскаспийро беҳтар намуда, барои шарикони худ имкониятҳои бештар ҷиҳати дастрасӣ ба бозорҳои ИМА ва Осиёи Марказӣ фароҳам меорем, – таъкид кард Марко Рубио.

Ба гуфтаи ӯ, Иёлоти Муттаҳида барои таъмини ояндаи энергетикии худ тавассути ташаккули занҷирҳои ҳамгирошудаи таъминот бо арзиши иловашуда, аз ҷумла дар доираи Муколамаи маъданҳои муҳим кор хоҳад кард. Ҳамчунин, ҳазорҳо мутахассиси ҷавон барои истифода ва дастгирии техникии технологияҳои пешрафтаи амрикоӣ дар бахши рӯ ба рушди технологияҳои Осиёи Марказӣ омӯзонида хоҳанд шуд.

Дар доираи мулоқоти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА дар формати C5+1 Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Мӯҳриддинро ба ҳузур пазируфт.

Мирасрор АҲРОРОВ,
шаҳри Самарқанд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *