Филми «Ҷомӣ ва Навоӣ» соҳиби Шоҳҷоизаи «Тоҷи Сомон» шуд 

Филми муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» дар Синамоҷоизаи сеюми миллии «Тоҷи Сомон» соҳиби Шоҳҷоиза шуд. Маросими ҷамъбастӣ ва ҷоизасупорӣ шоми 19 октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар ин маросим беҳтарин филмҳо, коргардонҳо, нақшофарон, наворбардорон, рассомон ва дигар намояндагони соҳаи синамо қадрдонӣ шуданд.

Барандаи Шоҳҷоиза

Синамоҷоизаи сеюми «Тоҷи Сомон» аз 15 октябр дар Душанбе оғоз ёфта, дар доираи он намоиши филмҳои ватанӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла филмҳои Эрон, Русия, Ӯзбекистон ва Қирғизистон баргузор шуд. Қаблан «Тоҷикфилм» хабар дода буд, ки барои иштирок дар ҷашнвора беш аз 100 филми бадеӣ, кӯтоҳмуддат ва муштарак пешниҳод шудаанд.

Филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ», ки Шоҳҷоизаи имсоларо ба даст овард, маҳсули ҳамкории синамогарони Тоҷикистону Ӯзбекистон буда, ба зиндагӣ ва муносибати ду чеҳраи бузурги адабу фарҳанги Шарқ – Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ бахшида шудааст. Филм солҳои 2024-2025 рӯйи навор омада, 16 октябр дар кинотеатри «Ватан» нахустнамоиш дода шуд. Он аз ҷониби Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳия шудааст.

Гуфта мешавад, ки дар филм дӯстии Ҷомӣ ва Навоӣ ҳамчун рамзи равобити таърихию фарҳангии тоҷикону ӯзбек инъикос ёфта, ҳамзамон нақши ин ду нобиға дар рушди адабиёт, фарҳанг ва арзишҳои инсонгароёна нишон дода мешавад. Коргардони тоҷикистонии филм қаблан гуфта буд, ки асар дар ду шакл омода шудааст: нусхаи синамоӣ бо давомнокии тақрибан 2 соату 40 дақиқа ва силсилафилми тақрибан 10-соата.

Филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» ба ғайр аз Шоҳҷоиза, дар ду бахши дигар низ ғолиб омад. Тоҳир Назар ва Лутфулло Неъматов барои кори рассомӣ ва Шӯҳратҷон Камолов барои ороиши либосҳои филм соҳиби ҷоиза гардиданд.

Марям Исоева соҳиби ҷоизаи махсус ва 50 ҳазор сомонӣ

Пеш аз оғози маросими эълони ғолибони бахшҳои асосӣ ба Марям Исоева, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барои саҳми арзанда дар рушди синамои тоҷик ҷоизаи махсуси раиси шаҳри Душанбе ва 50 ҳазор сомонӣ тақдим гардид.

Марям Исоева аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик буда, даҳсолаҳо дар саҳна ва филм фаъолият кардааст.

Ғолибони «Тоҷи Сомон»

Дар бахшҳои гуногуни Синамоҷоизаи сеюми миллии «Тоҷи Сомон» ин филмҳо ва синамогарон қадрдонӣ шуданд:

– Шоҳҷоиза – филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ»;

– Беҳтарин филми дебютӣ – Ҷамшод Шоев барои филми «Ансор ва Мубин»;

– Беҳтарин рассом – Тоҳир Назаров ва Лутфулло Неъматов барои филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ»;

– Беҳтарин рассоми либос – Шӯҳратҷон Камолов барои филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ»;

– Беҳтарин наворбардор – Наврӯз Саидов барои филми «Моҳӣ барои рафиқ Черчилл»;

– Беҳтарин танзим – Орзу Шарифов ва Нигина Раҷабова барои филми «Моҳӣ барои рафиқ Черчилл»;

– Беҳтарин филми кӯтоҳмуддат – Рустам Шоазимов барои филми «Нафас»;

– Беҳтарин филми ҳуҷҷатӣ – Рустам Сатторзода барои филми «Хутали қадим»;

– Беҳтарин филми тасвирӣ – Тахмина Мӯъминова барои филми «Пайғом»;

– Беҳтарин нақши занона – Амина Ҳафизова барои филми «Фосилаҳо»;

– Беҳтарин нақши мардона – Пӯлод Нозимов барои филми «Моҳӣ барои рафиқ Черчилл»;

– Беҳтарин коргардон – Абдулҳай Зокиров барои филми «Решаҳо»;

– Беҳтарин филми муштарак – Манзаралӣ Шералӣ барои филми «Хуршеду моҳ»;

– Ҷоизаи махсуси ҳакамон – Муҳаммадрабӣ Исмоил барои филми «Ошёни меҳр»;

– Беҳтарин филми бо ҳуши маснӯӣ офаридашуда – Комилҷон Сафаров барои филми «Дузди офтоб»;

– Беҳтарин филми бадеӣ – Зафар Алӣ барои филми «Сабр»;

– Ҷоиза бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон – Носир Раҳмон барои филми ҳуҷҷатии «Тараннуми истиқлол»;

– Барои саҳми муносиб дар рушди филмофарии тоҷик – Владимир Малишев, ректори Донишкадаи давлатии умумироссиягии кинематография ба номи С. А. Герасимов (ВГИК).

Муаррифии кинои миллӣ

Синамоҷоизаи «Тоҷи Сомон» яке аз чорабиниҳои асосии соҳаи кино дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Имсол он таҳти унвони «Қадршиносии ҳунари асил» баргузор шуда, дар канори озмун намоиши филмҳои хориҷӣ ва барномаҳои фарҳангӣ низ доир гардиданд.

 Ҳадафи чорабинӣ, ба гуфтаи созмондиҳандагон, муаррифии дастовардҳои синамои миллӣ, дастгирии филмсозони ҷавон, таҳкими ҳамкориҳои касбӣ ва фароҳам овардани замина барои лоиҳаҳои муштарак бо синамогарони хориҷӣ мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *