Дар Тоҷикистон ҳам сохтмони манзил ва ҳам нархи он меафзояд

Дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон  ба масоҳати беш аз 1 миллиону 100 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд. Дар ин бора Агентии омори кишвар хабар дода, гуфтааст, ки ба истифода додани манзилҳои истиқоматӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,6 дарсад зиёд шудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар ин самт вилояти Суғд пешсаф буда, аз январ то сентябри имсол дар ин минтақа  427,4 ҳазор метри мураббаъ манзил мавриди баҳрбардорӣ қарор гирифтааст. Ин нишондод қариб ба 37 дарсади ҳаҷми умумии манзилҳои ба истифода додашуда рост меомадааст.

“Дар вилояти Хатлон 297,4 ҳазор метри мураббаъ (25,7 фоиз), шаҳри Душанбе 292,4 ҳазор метри мураббаъ (25,2 фоиз) ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 132,0 ҳазор метри мураббаъ (11,4 фоиз) манзили истиқоматӣ ба истифода дода шудааст”-навиштааст Агентии омор.

Афзоиши бунёду ба истифода супурдани он  дар ҳолест, ки солҳои охир дар Тоҷикистн нигарониҳо аз болоравии арзиши хона садо медиҳад.

Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон моҳи январи имсол ҳангоми як нишаст дар Душанбе хабар дода буд, ки нархи як метри мураббаъ хона дар пойтахт ба ҳисоби миёна 8207 сомонӣ аст. Тибқи омори Кумитаи сохтмон ва меъморӣ, соли 2025 нархи ҳар метри мураббаъ хона дар Душанбе ба ҳисоби миёна 200-250 доллар зиёдтар шудааст. Мушоҳида, нархномаи ширкатҳои сохтмонӣ ва суҳбатҳои муштариён нишон медиҳанд, ки афзоши нархи манзил ҳоло низ идома дошта, шарту талаботҳо низ барои хариди манзилҳо навбунёд сахтар шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *