Сохтмон зиёд, хонаҳо гарон. Чаро?

Солҳои охир дар Тоҷикистон ҳаҷми сохтмони манзилҳои истиқоматӣ босуръат афзоиш меёбад. Омори расмӣ нишон медиҳад, ки бахши сохтмон, бахусус сохтмони хонаҳои истиқоматӣ ба яке аз соҳаҳои фаъолтарини иқтисоди кишвар табдил ёфтааст. Аммо дар баробари зиёд шудани сохтмон, нархи манзил дар бозор ҳамоно баланд боқӣ мондааст. Саволе ба миён меод: чаро бо афзоиши сохтмон нархи хонаҳо коҳиш намеёбад?

Рушди назарраси сохтмон

Тибқи маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, танҳо дар моҳи январи соли ҷорӣ 125,3 ҳазор метри мураббаъ манзили истиқоматӣ ба истифода дода шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб се баробар зиёд мебошад.

Қисми зиёди ин сохтмон ба бахши хусусӣ рост меояд. Дар байни минтақаҳо шаҳри Душанбе бо 48,2 ҳазор метри мураббаъ ё 38,5 дарсади манзилҳои ба истифода додашуда ҷойи аввалро ишғол мекунад. Пас аз он вилояти Хатлон бо 32,6 ҳазор метри мураббаъ ва вилояти Суғд бо 30,1 ҳазор метри мураббаъ қарор доранд. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 14,3 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шудааст. Аммо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ин давра ягон манзили нав ба истифода дода нашудааст.

Илова бар ин, дар моҳи январ ду муассисаи таҳсилоти умумӣ барои 1250 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шудааст. Ташкилотҳои пудратии кишвар дар ҳамин давра ба маблағи зиёда аз 1,18 миллиард сомонӣ корҳои сохтмонӣ анҷом додаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб ним миллиард сомонӣ бештар аст.

Болоравии нархи манзил

Бо вуҷуди рушди босуръати сохтмон, нархи манзил дар бозори кишвар баланд боқӣ мемонад. Ба ҳисоби миёна арзиши як метри мураббаи манзил дар Тоҷикистон тақрибан 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Аммо дар пойтахт вазъият тамоман дигар аст. Ба гуфтаи раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони кишвар Низом Мирзозода, нархи миёнаи як метри мураббаъ манзил дар шаҳри Душанбе ба 8 ҳазору 207 сомонӣ ё тақрибан 877 доллар расидааст.

Дар дигар шаҳрҳои кишвар нархҳо нисбатан пасттаранд. Масалан, дар Хуҷанд нархи миёнаи як метри мураббаъ 5350 сомонӣ, дар Ваҳдат 5 ҳазор сомонӣ, дар Ҳисор 4650 сомонӣ, дар Турсунзода 4500 сомонӣ ва дар Кӯлобу Бохтар тақрибан 4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Сабабҳои гаронӣ

Мутахассисон болоравии нархи манзилро ба чанд омил вобаста медонанд. Пеш аз ҳама, болоравии нархи масолеҳи сохтмонӣ яке аз сабабҳои асосӣ ба ҳисоб меравад. Бисёре аз масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла арматура ва дигар мавод аз хориҷи кишвар ворид мешаванд, ки ба арзиши ниҳоии сохтмон таъсир мерасонанд. Омили дигар талаботи зиёд ба манзил мебошад. Солҳои охир аҳолии шаҳрҳо, бахусус Душанбе, босуръат меафзояд. Муҳоҷирати дохилӣ аз деҳот ба шаҳрҳо ва инчунин, сармоягузории шаҳрвандон ба бозори манзил талаботро зиёд кардааст. Ҳамчунин, арзиши қитъаҳои замин дар шаҳрҳо, бахусус дар пойтахт баланд аст. Ин омил низ ба нархи ниҳоии хонаҳо таъсири худро мерасонад. Пас, саволе ба миён меод, ки оё нархи манзил поён меравад?

Бо вуҷуди афзоиши сохтмон, коршиносон ба ин назаранд, ки ояндаи наздик поинравии ҷиддии нархи манзил эҳтимоли кам дорад. Зеро талабот ба манзил ҳамоно баланд боқӣ мемонад ва хароҷоти сохтмон кам нашудааст. Инчунин, бозори манзил дар Тоҷикистон бештар хусусияти сармоягузорӣ гирифтааст. Бисёре аз шаҳрвандон хонаҳоро на барои зиндагӣ, балки барои нигоҳ доштани сармоя мехаранд. Ин омил ҳам ба ҳолати баланд мондани нархҳо таъсир мерасонад.

Ҳамин тариқ, дар Тоҷикистон ҳаҷми сохтмони манзил босуръат меафзояд, аммо ин раванд то ҳол ба коҳиши нархи хонаҳо оварда нарасонидааст. Болоравии хароҷоти сохтмон, талаботи зиёд ба манзил ва гаронии замин аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки нархи манзилро дар сатҳи баланд нигоҳ медоранд.

Усмон РАҲИМЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *