Боздошти ду нафар дар Душанбе барои рафтори ғайриахлоқӣ дар Instagram
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз боздошти шаҳрванд Шаҳноза Сафарова ва ноболиғ Ҳ. Ҷумъабоева хабар дод. Ба иттилои манбаъ, онҳо дар шабакаи иҷтимоии Instagram бо пахши мустақим рафторҳои ғайриахлоқӣ анҷом медодаанд.
Тибқи маълумоти мақомоти корҳои дохилӣ, номбурдагон дар ин шабака саҳифа таъсис дода, мунтазам тавассути пахши мустақим бо намуди нимбараҳна баромад намуда, аз алфози қабеҳ истифода мекардаанд.
Гуфта мешавад, бо вуҷуди таъкидҳои пайваста дар бораи риояи одобу меъёрҳои истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ, баъзе шаҳрвандон ба паҳн намудани наворҳои дорои мазмуни ғайриахлоқӣ идома медиҳанд.
Вобаста ба ин ҳолат нисбат ба номбурдагон маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд ба онҳо ҷаримаҳои маъмурӣ таъин гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ